Тоҷикистон – Непал: се зарбаи ёздаҳметра — 3:0!

Дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 мунтахаби Тоҷикистон дастаи миллии Непалро, ки ҳарду дар гурӯҳи «F» ҷойгиранд, бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Голҳоро ба дарвозаи непалиҳо Нуриддин Давронов (дақ.36-ум), Парвиз Умарбоев (дақ. 60-ум) ва Манучеҳр Ҷалилов (дақ. 87-ум) ворид карданд. Бояд гуфт, ки ҳар се голро ҳамватанони мо аз зарбаҳои ҷаримавии ёздаҳметра муаллиф шуданд. Вохӯриро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 12 ҳазор мухлисӣ карданд.

Дар бозии байни мунтахабҳои Филиппин ва Яман мусовӣ- 1:1 ба қайд гирифта шуд.

Пас аз ин вохӯрӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи«F» бо 6 хол мақоми сеюмро ишғол кард. Дастаҳои Филиппин бо 8 хол дар ҷойи аввал ва Яман бо 6 хол дуюмин мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон вохӯрии панҷуминашро бо тими Яман 14 ноябр дар хонаи худ доир мекунад. Барои он ки ба марҳилаи финали Ҷоми Осиё-2019 бромада тавонанд, футболбозони тоҷик бояд дар ин бозӣ дастболо шаванд. Барои ин ҳатто ғалаба бо ҳисоби 1:0 кофист. Тоҷикистон  бозии шашумашро бо дастаи Филиппин 27 марти соли 2018 баргузор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *