То ишқ ҳаст, шеър ҳаст. Гузориш аз маҳфили “Ҳумоюн”
30-юми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили адабии “Ҳумоюн” бо ширкати ду чеҳраи маъруфи адабиёти тоҷик – Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиб Карими Озарахш баргузор гардид.
Он рӯз толори театр, ҳатто ошёнаи дуюм пур аз мухлисон буд. Бисёриҳо ҷойи нишаст наёфтанд. Мутасаддиён дар роҳравҳо курсиҳои иловагӣ гузошта, меҳмононро ҷой карданд. Бисёре сари по истоданд.
Маҳфилро Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, шоиронро ба саҳна даъват кард. Мухлисон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва тӯлонӣ шоиронро истиқбол гирифтанд.
Фарзона ва Озарахш нахуст аз пазироии гарму самимии дӯстдорони шеърашон изҳори сипос намуданд. Ин ду шоири шаҳир, ки тоза аз Эрон баргаштанд, аз муҳаббату эҳтироми ҳамзабонон нисбати мардуми тоҷик ёдовар шуда, аз нашри ду китобашон дар Теҳрон мужда доданд. Маҷмӯаи ғазалиёти Фарзона таҳти унвони “Сетор” ва китоби шеърҳои Озарахш таҳти унвони “Ба баҳонаи баҳорон” дар Теҳрон бо ҳимояти молии Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён дар нашриёти “Хирадгон” чоп шуд.
Озарахш дар мавриди нашри китобҳояшон дар Теҳрон дар суҳбат бо мо гуфт: “Шеъри тоҷик шеъри форсӣ аст ва хонандаи Эрон ҳам хонандаи шеъри Тоҷикистон аст. Аз нашри ин китобҳо дар Эрон хеле шод ҳастем”.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар суханронии хеш аз маҳбубияти Озарахшу Фарзона дар байни мухлисон ёдовар шуда, гуфт: “Имрӯз дар даромадгоҳи толор чандин олимону пажӯҳишгарон ва нафарони барӯмандро дидам, ки аз роҳашон гаштанд. Аз онҳо пурсидам, ки чаро намедароед? Гуфтанд, ки ҳама ҷо пур аз мухлисон аст. Ман гуфтам, набошад ба ман ҳам ҷой нест…”.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар суханронии хеш гуфт: “Озарахшу Фарзона аз ҷумлаи шоироне мебошанд, ки воқеан заҳмати бисёр мекашанд, ҷон мекананд ва барои рӯсурхии халқу миллат хуни ҷигар мешаванд. Ҳамин аст, ки ҳамагон қадрашон мекунанд”.
Муҳаммад Ғоиб васфи шеъри Фарзона намуда, аз ҷумла қайд кард: “Табъи Фарзона дар шеър чунон равон аст, ки ҳар чизе менависад, як паҳлуи тоза, ширинӣ ва оҳанги нав меёбад, ӯ ба ҳар сухан тобиши наву хосса медиҳад, албатта ин ҳунари баланд аст”.
Дар давоми маҳфил Озарахш ва Фарзона шеърҳои тозаэҷоди худро қироат ва аз зиндагии хеш қиссаҳои ҷолиберо нақл карданд.
Ҳамчунин, сарояндагони маъруф Хосияти Зарафшонӣ ва Афзалшоҳи Шодӣ бо ҳунарнамоии хеш табъи ҳозиринро шод намуданд.
Шогирдони Озарахшу Фарзона дар маҳфил шеърҳои тозаэҷоди хешро қироат карданд.
Дило ДОРОБШОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ