Толеъномаи 19-уми июли соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки рӯзи пӯшида ва ором дошта бошеду аз ошкорбаёнӣ ва корҳои нолозим худдорӣ намоед. Рӯзро хуб шурӯъ мекунед, аммо дар давоми он танбал ва ғайрифаъол мешавед. Барои истироҳат ва тановули ғизои дӯстдошта рӯзи мувофиқ аст. Ин ба шумо таъсири мусбӣ мерасонад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз ба шумо имкон медиҳад, ки оромона дар фикри ояндаи худ бошед. Дар баҳси тӯлонӣ пирӯз мешавед. Муносибатҳои сардшудаатон бо дигарон дубора гарму барқарор мешаванд. Давоми рӯз соҳиби имтиёз ва афзалиятҳои нав хоҳед шуд. Барои таҷлили иду ҷашнҳо рӯзи мусоид аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз барои ҷавзоҳо рӯзи орому осуда аст. Аз касе натарсед ва ин рӯзро танҳо барои ниёзҳои шахсии худ истифода баред. Устуворӣ ва худбоварӣ дар шумо зиёд мегардад, ки барои рӯзҳои оянда лозим меояд. Атрофиён ба шумо имкон медиҳанд, ки қудрату тавоноии қаблии худро ба даст оред.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз шумо дар чанд кори худ муваффақ мешавед, ба шарте ки ҳадди эътидолро риоя намоед. Ин як шарти калидии эътимоди шумо ба оянда хоҳад буд. Инчунин, хароҷоти иловагии мақсаднок имкон медиҳад, ки боз ҳам рӯҳбаланд ва хурсанд шавед. Ҳангоми сар задани бемориҳо аввал ба тибиби оилавӣ муроҷиат намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Беҳтараш имрӯз корҳое, ки суръат ва қобилиятро талаб мекунанд, ба нақша нагиред, зеро эҳтимол аз уҳдаашон баромада наметавонед. Истироҳат карда, қувва ва тавоноии худро барои рӯзҳои дигар барқарор кунед. Барои харид ва захира кардани маводи ғизоӣ рӯзи хубу бобарор ва пурбаракат аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз ситораҳо сунбулаҳоро аз ҷиҳати ахлоқӣ дастгирӣ мекунанд. Мукофотҳои моддӣ низ истисно нестанд. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, қарзашро бармегардонад ё барои ягон амали хубатон ба шумо миннатдорӣ мекунанд. Ҳатто агар коре кунеду мукофот ҳам надиҳанд, боварӣ дошта бошед, ки шумо инсони хубу хайрхоҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳо имрӯз муваффақиятҳои назаррасро умедвор шуда метавонанд. Новобаста аз он ки ҳодисаҳо чӣ гуна рух медиҳанд, шумо боварӣ дошта бошед, ки ҳама чӣ дер ё зуд ба охир мерасад. Молу мулк, оила ва лоиҳаҳои худро аз бадхоҳон эҳтиёт кунед. Соҳиби даромади ногаҳонӣ мешавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ин рӯзро пурра ба оилаи худ бахшед. Зиёфати шоҳона биороед ва бо аҳли оила ин рӯзро, ки ҳарчанд рӯзи муҳим нест, ҷашн бигиред. Ин барои сарҷамъӣ ва барқарорсозии муносибатҳо мусоидат мекунад. Аз чизҳое, ки ба шумо зарар мерасонад, парҳез кунед, вагарна баъдтар дер хоҳад шуд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои қавсҳо имрӯз рӯзи хушбахтӣ аст. Агар аз коре қафо мондаеду мавқеи пешинаи худро соҳиб шудан мехоҳед, пас ин хушбахтиро самаранок ба фоидаи худ истифода баред. Мукофот мегиред ё касе шуморо дастгирӣ мекунад. Ин хеле муҳим аст. Барои иштирок дар маҷлисе дер накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ҳатто хурдтарин чиз аз шумо масъулият ва кордониро талаб мекунад. Агар масъулият ҳис кунед, бурдборӣ насиби шумо мегардад. Ситораҳо маҳз барои ҳамин кор шуморо меозмоянд. Танҳо дар охири рӯз маълум мешавад, ки то чӣ андоза корҳоро оқилона ба сомон расонидаед. Шом хабари хуш мешунавед. 

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз шумо бахту иқболро ҳис карда, то охир ба он бовар мекунед. Тани танҳо муваффақ шуда метавонед, вале боз ба кӯмаки дӯстону наздикон низ умед бандед. Дудила нашавед, онҳо ҳатман ба шумо кӯмаки хешро дареғ намедоранд. Кӯшиш кунед, ки дар назди нафарони бегона сархам нашавед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шумо имрӯз ба хотимаи баҳсҳову мушкилиҳои чандвақта умед баста метавонед. Эҳтимол, чизеро ба даст меоред, ки дер боз дар орзуяш будед. Худро ба даст гиред. Меҳнати худро нодида нагиред ва қадри худатонро донед, зеро барои бисёриҳо бо шумо кор кардан шараф аст. Шаъну шарафи худро ҳимоя намоед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *