Толеъномаи 22-юми июли соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз вақти бештари худро ба хонаводаатон сарф кунед. Барои дӯстдоштаатон низ вақт ҷудо кунед, зеро бо ӯ табъатон болидатар хоҳад шуд. Агар хоҳед, ки аз вазни зиёдатӣ халос шавед, бештар меваҷоту сабзавоти мавсимӣ истеъмол намоед. Варзиши сабук низ ба шумо фоида расонида метавонад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз нақшаҳои ояндаи худро тарҳрезӣ намуда, барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед. Ба кори вазнин машғул шуда, худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққати аввалиндараҷа диҳед ва аз истеъмоли ғизоҳои хамирӣ даст кашед. Шом аз дӯстдоштаатон хабаре мешунавед, ки дербоз интизор ин хабар будед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегиред ва болидахотир мегардед. Ба душманони худ диққат надиҳед ва сар ба сар ҳам нашавед, зеро онҳо ба ин намеарзанд. Рақибонатон пешравиҳои шуморо дида, хомӯш нишаста наметавонанд. Нагузоред, ки онҳо ба шумо фишор оварда, зӯроварӣ нишон диҳанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз тағйироту навгонӣ ворид кардан ба ҳаёти худ худдорӣ намоед. Кореро, ки пештар ба нақша гирифта, оғоз карда будед, имрӯз ба анҷом расонед ва дар фикри оянда бошед. Ҳарчанд ба варзиш машғул шудан намехоҳед, аммо кору бори хона шуморо маҷбур мекунад, ки ҳаракат кунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ба онҳое, ки ба шумо чизеро ваъда надодаанд, умед набандед. Ба наздикони худ бештар диққат диҳед ва зиёдтар ба эшон эътимод дошта бошед. Дӯстдоштаатон бо туҳфаи ғайричашмдошт хотири шуморо болида мегардонад. Шом ба ҳавои тоза бароед ва дар танҳоӣ қадам занед, то сабук шавед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯз барои баргузор намудани маъракаи арӯсию домодӣ бисёр мувофиқ аст. Нафароне, ки имрӯз оила барпо мекунанд, хушбахт хоҳанд шуд. Дар бораи мушкилиҳои худ фақат ба наздиконатон нақл кунеду халос, ба бегонагон ҳаргиз бовар накунед. Шом нафарони наздикатонро сари як пиёла чой ҷамъ оред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз мехоҳед, ки ягон чизи гаронбаҳо бихаред, ба истироҳат равед ва дар беҳтарин тарабхонаҳо хӯрок бихӯред, аммо ситораҳо мегӯянд, ки ин давра барои масрафи зиёд мувофиқ нест. Аз истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр даст кашед. Аз об хушк баромада, бегуноҳии худро дар охир исбот мекунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ситораҳо шуморо ҳушдор медиҳанд, ки ба лоторея бовар накунед ва аз ҳар гуна бозиҳои бурднок худдорӣ намоед, зеро фиреб хӯрданатон аз эҳтимол дур нест. Таваккал накунед ва дар ҳама кор бехатариро риоя намоед. Рӯз барои муоширати созанда ва кор бо манбаъҳои эътимоднок мувофиқ аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар масъалаҳои корӣ фикри атрофиёнро сарфи назар накунед. Давоми рӯз аз таваккал кардан натарсед. Масъулияти дигаронро бар дӯши худ нагиред, бигзор ҳар кас кори худашро худаш ҳал кунад. Дар фикри саломатиатон шавед. Бепарвоӣ нисбати дарди гурда ва миён хуб нест. Шом хабари хуш мешунавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз корҳое, ки фаъолияти аз ҳад зиёдро талаб мекунанд, даст кашиданатон лозим аст. Корҳоятон бомаром пеш намераванд, зеро нафарони муваффақ дар ҳар кор ба худ рақиб доранд, ки баъзан садди роҳи пешравии эшон мешаванд. Нисбати таҳдидҳо бепарво бошед ва аз туҳматҳои ногаҳонӣ эҳтиёт кунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз пеш аз оне ки ба коре даст мезанед, оқибаташро сад бор андеша намоед ва бо ҳамкорон ё хонаводаи худ маслиҳат кунед. Дар оянда чӣ мехоҳед, барои расидан ба он кӯшиш намоед. Аз истеъмоли ширинӣ ва хӯрокҳои хамирӣ муваққатан худдорӣ намоед, зеро он ба саломатии шумо зарар дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ситораҳо мегӯянд, ки имрӯз барои барқарор кардани саломатӣ рӯзи хуб аст. Давоми рӯз меҳру муҳаббати шахси наздики худро эҳсос карда наметавонед. Ваъдаи беҳуда надиҳед, агар аз уҳдаи иҷрои коре намебароед. Одати носу тамокукашиатонро партоед ва аз нӯшидани машрубот низ даст кашед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *