Толеъномаи 29-уми июни соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда имрӯз мубодилаи афкор карданатон лозим аст. Барои истироҳат ва суҳбат бо дӯстони дерина айёми хубест. Агар бо нафаре суҳбат кардан хоҳед, мунтазири зангаш нашуда, худатон занг занед. Вақти он расидааст, ки дигар аз бепулӣ натарсед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Қабули қарорҳои муҳимро ба вақти дигар ба таъхир гузоред, зеро имрӯз барои анҷоми ин кор муносиб нест. Симои худро дигаргун кардан мехоҳед, то диққати ҷинси муқобилро ба худ бештар ҷалб созед. Маслиҳат медиҳем, ки мӯятонро аз ҳад зиёд серранг накунед. Ҳангоми вохӯрӣ бо нафарони ношинос эҳтиёт намоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз барои ҳалли масъалаҳои гуногун як қатор ҳаракатҳои ғайричашмдоштро истифода баред. Баъзе ҷавзоҳо нисфи хоҳишҳои худро амалӣ карда наметавонанд. Аз танқид ҳеҷ гоҳ хафа нашавед. Нисбат ба бемориҳое, ки вақтҳои охир шуморо азият медиҳанд, бепарво набошед ва ба духтур муроҷиат намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки эҳсоси худро хуб гӯш карда, мувофиқи он амал намоед. Некӣ кунед, дар ҷавобаш ҳатман некӣ хоҳед дид. Рӯзро дар муҳити орому осуда ва бароҳат паси сар кунед. Шомгоҳон аз сайру гашт ва тамошо дида, хобу истироҳат бароятон муфидтар аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз шумо ба маслиҳати дӯстони наздикатон ниёз пайдо мекунед. Барои пурсидани кӯмак аз аҳли оила ва наздикон шарм надоред. Баъзе зодагони зери ин бурҷ дар лаҳзаҳои ҳассостарин низ кор карда метавонанд. Кӯшиш кунед, ки ба эҳсосот дода шуда, дигаронро наранҷонед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз агар нафаре шуморо бо суханҳои таҳқиромез озор диҳад, аҳамият надиҳед. Ба шумо кори сердаромад пешниҳод мекунанд, аммо онро қабул карда наметавонед, зеро кулли нақшаҳоятон барбод мераванд. Дар назди худ мақсадеро гузоред, ки бароятон аз ҳама чиз муҳимтар бошад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҷони шумо дар хатар аст. Ҳар муноқишаи кӯҳна аз сифр оғоз шуда метавонад. Аз наздикони худ тамаъ карданро бас кунед, бе ин ҳам онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро карда истодаанд. Касеро таҳқир накунед, вагарна ба сари худатон бало мехаред. Даромади иловагӣ дар назар нест.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Корҳоятон бомуваффақият анҷом меёбанд, ба шарте ки софдилона амал намоед. Бо роҳи фишор овардан ё фиреб додан нафареро ба роҳи рост ҳидоят карда наметавонед. Ақрабҳои муҷаррад ба нафаре дил мебанданд, аммо ҷуръат карда, ҳарфи дилашонро ба забон оварда наметавонанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз агар аз чизе норозӣ бошед, дарҳол ба шикоят кардан сар накунед. Барои вохӯрӣ бо дӯстон дар фазои кушод рӯзи хубу ҳаловатбахш аст. Кореро, ки ба нақша нагирифтаед, иҷро накунед. Мулоқот бо дӯстон ба шумо лаззат мебахшад ва ҳамагуна эҳсоси манфиро фаромӯш хоҳед кард.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққати махсус диҳед. Бештар ғизоҳои солимро истеъмол намоед. Аз иҷрои корҳое, ки баъдан нофаҳмиҳоро ба миён меоранд, даст кашед. Дар худ қувваи ноаёнеро эҳсос мекунед. Ҷаддиҳои танҳо ҷуфти муносиби худро дар наздиктарин фурсат пайдо хоҳанд кард.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои фароғату истироҳат, дар маҷмӯъ, барои ҳамагуна тағйирот айёми муносиб фаро расидааст. Имрӯз худро аз ҳад зиёд ба дасти кор надиҳед, балки табъи идона дошта бошед. Ваъдаҳоеро, ки ба шумо дода буданд, фаромӯш накунед. Даромади на он қадар зиёди иловагӣ шуморо хурсанд мекунад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз нафарони эҳтиёҷманд ба шумо муроҷиат мекунанд. Аз ёрӣ расонидан ба онҳо худдорӣ накунед. Рӯзатон дар зери парчами меҳрубонӣ мегузарад. Наздиконатон дар муносибат бо шумо дағалгуфтор буда метавонанд. Аз чунин муносибат наҳаросед, зеро айбе надоред. Танҳо рӯз чунин аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *