Толеъномаи 6-уми июли соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо шумо баҳс кардан фоида надорад, зеро якравӣ карда, ҳатто дар масъалае, ки дар борааш чизе намедонед, андешаи худро ба сари дигарон бор кардан мехоҳед. Бо ин сабаб муноқиша рух доданаш мумкин аст. Тамоми рӯз асабӣ бошед ҳам, ба ҷангу ҷанҷол роҳ надиҳед. Барои ошиқон рӯзи бобарор аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Аз ҳама ҷиҳат рӯзи бобарор аст. Ҳамагуна нақшаву ниятҳоятон давомнок гашта, барои пешравӣ дар касбу кор таҳдевори хуб мегарданд. Барои харид кардан саросема нашавед, зеро чизҳои нолозим мехареду пулҳоятон ба боди фано мераванд. Хобҳои дидаатон амалӣ шуда, шуморо хурсанд мекунанд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ҳаётатон имрӯз ягон тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Аз ӯҳдаи корҳои нав баромада, қарҳзои кӯҳнаатонро бармегардонед. Дар ҳолатҳои даркорӣ ба маслиҳати дӯстонатон гӯш диҳед. Агар хоҳед, ки ба доми фиреби ҳаннотон наафтед, тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо касе шинос нашавед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол рӯзи мусоид нест. Аз бало ҳазар гуфта, худро аз муноқишаҳо канор гиред. Бо кӯмаки ҳамкорон вазъи молиявиатон имрӯз хуб мешавад. Нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, бодиққат бошед. Агар мехоҳед, ки комёб бошед, пас оромӣ ва сабру таҳаммулро пеша намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз бонувонро вохӯриҳои аҷибу хотирмон дар назар аст. Ба нафаре дил баста, бо он нафар ҳамкорӣ мекунед. Мардҳо бояд аз пайи рафъи мушкилиҳои оилавӣ ва шахсӣ бишаванд. То даме, ки барои ҳамсари худ тамоми шароитро муҳайё карда наметавонед, аз ӯ талаби бисёр накунед. Саломатиатон ташвиш намедиҳад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои сунбулаҳо рӯзи серташвиш аст. Агар дар касбу коратон тағйирот ворид карданӣ бошед, ба таъхир нагузоред. Вохӯрӣ бо дӯстони наздик асабҳои шуморо ором ва таъбатонро болида мегардонад. Агар хоҳед, ки вазъи саломатиатон бад нашавад, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Имкониятҳои нави пулкоркуниро ҷустуҷӯ кунед. Бо нафароне, ки бароятон азизанд, муноқиша накунед. Ба дарду ғами атрофиён шарик буданатон хислати хуб аст. Нофаҳмиҳое, ки миёни шумову дӯстдоштаатон пайдо шудаанд, муваққатианд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз зудбовар набошед ва одамгурезӣ ҳам накунед, вагарна дучори мушкилиҳо дар ҷои кор ва муҳити оила мегардед. Баъди нисфирӯзӣ асабӣ мешавед ва таъбатон хира мегардад. Коре карда, ин ҳисси манфиро аз худ дур кунед, вагарна нафареро дар сари қаҳру ғазаб хафа мекунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз қабл аз он ки ба мағоза ё бозор равед, чизҳои заруриро рӯйхат карда, бо аҳли оила маслиҳат намоед. Пули зиёд сарф накарда, беҳтараш муносибататонро бо атрофиён хуб ба роҳ монед. Нафаре кӯшиш мекунад, ки миёни шумову дӯстдоштаатон моҷаро барангезад. Ба садои дили худ гӯш диҳед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба нафаре, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед. Бо вуҷуди он ки атрофиён бо шумо муносибати хуб доранд, аз ҳад зиёд сода нашавед. Имрӯз ба нафаре аз нигоҳи аввал ошиқ мешавед ва ин муҳаббати асил аст. Агар хоҳед, ки муносибататон бо ҳамкорон вайрон нашавад, аз ғайбати эшон худдорӣ намоед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба таваккал роҳ надиҳед. Ба атрофи худ бодиққат назар кунед ва нафаронеро аз сафи дӯстонатон берун кунед, ки аз онҳо хубиро интизор шудан ғайриимкон аст. Хабари ногувор шуморо ғамгин карда метавонад. Камбудиҳои худро ба эътибор гирифтанро омӯзед ва аз пайи ислоҳашон шавед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз барои фикрҳои ноҷо вақт пайдо намекунед. Ба гузашта салавот гӯед ва ба пеш ҳаракат кунед, он гоҳ корҳоятон барор мегиранд. Мушкилии асосии имрӯзаи шумо бӯҳрони молиявӣ аст. Аксари ҳутҳо қарзи худро баргардонида, боз қарз мегиранд. Аз хариди зиёд ва беҳуда худдорӣ намоед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *