Толеъномаи рӯзи 8 декабр

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз нақшаҳоятон тағйир ёфта, аз пеш омадани монеаҳо дар ғазаб мегардед. Бо вуҷуди андуҳгин буданатон худро ба даст гиреду фикрҳоятонро ҷамъ кунед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Тамоми фикру андешаҳоятонро барои пайдо намудани манбаи даромад равона созед. Нафаре, ки кӯшиши бо шумо ҳамкорӣ карданро дорад, найрангбозу фиребгар аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои рафъи нофаҳмиҳо. Он чизҳоеро, ки донистан мехостеду аз пурсидан шарм медоштед, имрӯз бе дудилагӣ фаҳмида метавонед. Дар ин рӯз ростқавлу ҳамсуҳбати хуб бошед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз саросемавор амал намуда, вазъиятро ҳалу фасл карда наметавонед. Як маслиҳати одӣ: қабл аз он ки ба коре даст мезанед, аз рӯйи шиори «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Муваффақият танҳо ҳамроҳу ҳамсафари нафарони ҷасуру боақле мегардад, ки дар ҳама ҳолатҳо роҳи худро меёбанд. Вазъиятро бодиққат таҳти назорат гиред, он гоҳ аз чанд муноқиша эмин мемонед. Дар ин рӯз харидани асбобҳои рӯзгорро тавсия намедиҳем.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи хубест барои машғул шудан бо корҳои муқаррарӣ. Нияту нақшаҳои деринаро ҷомаи амал пӯшида метавонед. Дар ин рӯз тамоми диққати худро ба ҳодисаҳои асосӣ ҷалб созед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи хубест барои ишқу муҳаббат. Дар ин рӯз ҷасурона бо садои қалби худ амал кардан гиред. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, вагарна сахт фиреб мехӯред. Айни замон бароятон такягоҳи боэътимоде лозим аст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Барои рафъ намудани хастагиҳои рӯзҳои пешин дӯстонро ба хона даъват кунед ё ба қаҳвахона равед. Нишастҳои дӯстона, мусиқии форам, муҳаббат ва хӯроки бомаза табъатонро болида месозад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз корҳоятон бобарору муваффақият ҳамсафаратон мегардад. Хусусан дар ҷодаи муҳаббат комрон мегардед. Модоме тақдир мададгоратон гаштааст, имконияти мусоидро аз даст надода, дӯстдоштаи худро хушбахт гардонед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ба назаратон чунин мерасад, ки озодиятонро маҳдуд месозанд. Барои ба тартиб овардани андешаҳоятон ба назди дӯстон равед, робита бо эшон бароятон муҳим аст, онҳо низ ба маслиҳати шумо ниёз доранд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Бо аҳли оила, истироҳатро ба нақша гиред. Наздикон ба меҳрубониву ғамхории шумо низ доранд. Наздикон аз дастгирии шумо миннатдор шуда, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ такягоҳатон мегарданд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз аз муносибати сарди шумо чанд ҳамкоратон ранҷида, сафи душманонатон зиёд мегарданд. Агар муносибатҳоятонро вайрон кардан нахоҳед, аз аспи ҷаҳл фароед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *