Толибон* гуфтаанд, даргирӣ дар марзи Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд

Мақомоти Толибон* эълон карданд, ки даргирии ахир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки бо кушта шудани чаҳор нафар анҷомид, таҳти таҳқиқ қарор дорад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон*, гуфтааст, кушташудагон на “террорист”, балки “як гурӯҳ қочоқбарони маводи мухаддир” буданд, ки қасди интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистонро доштанд.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 18 январ хабар дода буданд, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳаммарз бо вилояти Бадахшони Афғонистон, чор нафар пас аз итоат накардан ба амри таслимшавӣ ва нишон додани муқовимати мусаллаҳона “нобуд карда шуданд”. Аз ҷои ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 таппончаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тир, 3 телефони мобилӣ, 1 ратсия ва 1 қаиқ мусодира шудааст.

Ба иттилои КДАМ, вобаста ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои 179, 335 ва 195 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Ин ниҳод таъкид кард, ки вазъият дар марз таҳти назорат буда, ба сарҳадшиканон “ҷавоби қонунии сазовор” дода мешавад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ҳамзамон изҳор дошт: “Афғонистон ба ноором шудани минтақаи марзӣ иҷозат намедиҳад” ва афзуд, ки нерӯҳои амниятии Толибон* аз ҳар гуна фаъолияти ғайриқонунӣ пешгирӣ хоҳанд кард.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки сарбозони навбатдор марзшиканонро мустақилона мушоҳида карда, пас аз ҳушдор ва талоши муқовимати мусаллаҳона онҳоро куштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҷасадҳо баъди муайян шудани ҳуввият ба Афғонистон супурда шудаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ ва мамнуъ эътироф шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *