Толибон нерӯҳои худро ба марз интиқол надодаанд

Намояндагони гурӯҳи “Толибон” иттилои Вазорати умури хориҷаи Русияро рад карданд

Намояндагони гурӯҳи “Толибон”* вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро шарҳ доданд, иттилоъ додааст хабаргузории “РИА Новости”.

Ба гуфтаи сухангӯи гурӯҳи “Толибон”* Билол Каримӣ, гурӯҳ ҷонибдорони мусаллаҳашро ба марзи Тоҷикистон набурдааст.

Каримӣ дар посух ба суол дар бораи он, ки оё сарбозони ин гурӯҳ ба марзи Тоҷикистон интиқол ёфтаанд ё на гуфт: «Ин хабар воқеият надорад”.

Қобили зикр аст, ки қаблан муовини мудири шӯъбаи иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия Алексей Зайцев зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон ва ҷангҷӯёни “Толибон” нерӯҳои худро ба марз интиқол додаанд.

Ҳамчунин, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия аз ҳарду ҷониб даъват кард, ки вазъро ором кунанду барои гуфтугӯ замина гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *