Толибон ба Эрон ҳуҷум карданд?

Тавре “Aamaj News”, даргириҳо вақтҳои охир дар марзи Эрону Афғонистон шиддат гирифтаанд.
Як гурӯҳ ҳамлагарони Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба хоки Эрон ҳуҷум кардаанд. Мардуми маҳаллӣ ҷои даргирироҳоро тарк кардаанд.
То кунун Толибон ва мақомоти Эрон дар ин хусус ягони изҳори назар накардаанд.
“Aamaj News” бар такия ба манобеи худ менависад, ки ба дунболи шиддати даргирии миёни толибон ва марзбонони эронӣ посгоҳҳои “Дӯстмуҳаммад” ва “Болои сиёҳчашмон”, ҳаммарз бо вулусволии Канги вилояти Нимрӯз ба тассаруфи нерӯҳои Толибон даромадааст.
Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин наворе ҳам аз минтақаи даргирӣ нашр шудааст.
Тибқи иттилои «Tasnim» даргириҳо дар наздикии шаҳри бузурги Зобул сурат гирифтаанд. Даргириҳо аз сӯйитафоҳуми ду ҷониб сар задаанд.
«Чансад метр дуртар аз хатти марз, дар ҳудуди Эрон девори ҳимоятие барои пешгирӣ аз амали қочоқбарон қомат афрохтааст. Имрӯз кишоварзони эронӣ аз он тарафи девор гузашта, дар ҳоле ки дар марзи Эрон буданд, Толибон фикр карданд, ки марзшиканӣ шудааст ва болои онҳо шилик намуданд. Дар чунин ҳол марзбонони эронӣ посух доданд», менависад «Tasnim».
Дар ҳоли ҳозир задухӯрд хотима ёфтааст. Тарафҳо дар тамосанд ва ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин «Tasnim» хабар додааст, ки ҳеч посгоҳи эроние ғасб нашудааст.
Пештар Вазорати умури дохилии ҳукумати Толибон гуфта буд, ба зудӣ нерӯҳои вижаи худро ба марзҳои Афғонистон интиқол медиҳад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.