Тошканд паҳлавононро интизор аст (аудио)

Аз 6 то 13-уми октябр дар пойтахти Ўзбекистон чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни бузургсолон баргузор мешавад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.

Ба Тошканд пурзўртарин ҷудокорони ҷаҳон аз 110 кишвар даъват шудаанд, ки миёни онҳо 12 паҳлавони тоҷикистонӣ низ ҳастанд. Инҳо Темур Раҳимов (+100 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Нуралӣ Эмомалӣ (66кг), Беҳрўзи Хоҷазода (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Шаҳбоз Саидаброров (66 кг), Абубакри Акобир (100 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Муҳаммад Маҳмадизода (60 кг), Муҳаммад Абдуҷалилов (81 кг) ҳастанд.

Ҳоло паҳлавонони Тоҷикистон дар кишвари Озарбойҷон ба машқу омодагиҳо машғуланд. Ба ин ҷо 120 варзишгар аз Белгия, Исроил, Нидерланд, Лаҳистон, Арабистони Саудӣ, Ўзбекистон ва Тоҷикистон омадаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.