Тоҷикистон дар сегонаи кишварҳои бехатари дунё

Гузориши глобалии бехатарии Созмони Геллап (Galllup 2024) дар асоси маълумот ва тадқиқоти нав аз рӯи индекси қонун ва тартибот дар соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сегонаи бехатартарин кишварҳои дунё шомил намудааст.

Тоҷикистон ва Сингапур бо гирифтани 95 хол дар рейтинги умумиҷаҳонии бехатарӣ баъди кишвари Кувайт қарор доранд.

Дар тадқиқот 146 000 нафар аз 140 кишвари дунё пурсида шуда, ба се критерияи асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст:

– эҳсоси бехатарии шахсӣ;

– ⁠эътимод ба милитсия;

– ⁠дарафтодан (зӯроварӣ).

Дар аксар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи дунё, ки қонун он ҷо эътибори олӣ дорад, аксарияти сокинонашон гуфтаанд, ки дар вақти шабона ҳангоми сайругашт кардан эҳсоси амният мекунанд. Айнан ҳамин критерияи баҳодиҳӣ ба Тоҷикистон ҳам дахл дорад, ҷое, ки кулли сокинонаш худро комилан амн ҳис мекунанд, аз он ҷумла ҳангоми сайругашти шабона.

Воқеан, талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоиди корӣ барои сохторҳои низомӣ, махсусан милитсия водор менамояд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳайати қаторӣ то афсари баландрутба ба Савганд ва Роҳбари давлат содиқ монда, баҳри ҳифзи амнияту суботи комили сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол сина сипар намоянд.

Муҳсинҷон МУҲАММАДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *