Тоҷикистон ва АМА барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ барнома таҳия мекунанд
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои муштарак дар бахшҳои калидии саноат, маъдан ва металлургия, коркарди маъданҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим ва истеҳсоли алюминийро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳаи мошинсозӣ, таъсиси паркҳои саноатӣ, саноати нафту кимиё ва ҷалби технологияҳои сабз ва энергетикаи алтернативӣ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ба фаъолсозии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъкид карда, барои имзои Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025–2027 изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ин созишнома метавонад рушди босуботи иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва навсозии технологияро дар ҳарду кишвар таъмин намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ