Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкони таҳвили гази табииро баррасӣ карданд

Дар доираи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории энергетикии ду кишварро баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, масъалаи ҳамоҳангсозии содироту воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 ва имкониятҳои таҳвили гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳамин давра дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *