Трамп аз Путин хостори қатъи ҷанг ва имзои созиш дар бораи Украина шуд

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Владимир Путин, Президенти Русия даъват кард, ки ҳамлаҳоро дар Украина қатъ карда, ба созиши сулҳ ризоият диҳад.

Ин изҳоротро Трамп рӯзи 27-уми апрел баъд аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо Владимир Зеленский, президенти Украина баён дошт. Мулоқоти онҳо дар ҳошияи маросими дафни раҳбари католикҳои ҷаҳон дар Ватикан баргузор шуда, тақрибан понздаҳ дақиқа идома кард.

“Мехоҳам, ки ӯ (Путин) зарба заданро бас кунад ва созишро имзо кунад,” – гуфт Трамп ба рӯзноманигорон ва афзуд, ки мулоқоташ бо Зеленский «хуб» гузаштааст.

Трамп ҳамзамон иброз дошт, ки ба назари ӯ Зеленский омода аст дар мавриди нимҷазираи Қрим ба созиш бирасад – иддаоест, ки ҷониби Украина борҳо рад кардааст. Зеленский пайваста таъкид кардааст, ки Қрим бахши ҷудонашавандаи Украина боқӣ мемонад ва ҳеч гоҳ таслими Русия намешавад.

“Ман (Зеленскийро) оромтар мебинам,”- илова кард Трамп. “Фикр мекунам, ки ӯ вазъро дарк мекунад ва ба назарам, мехоҳад, созиш кунад.”

Ин мулоқот пас аз баҳси лафзии миёни ду президент дар моҳи феврал дар Кохи Сафед аввалин дидори рӯ ба рӯи онҳо арзёбӣ мешавад. Изҳороти ахири Трамп дар пасманзари ҷанги идомадори Русия дар Украина ва кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои поён додан ба ин низоъ садо медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *