Трамп дар Ховари Миёна
Сафари Доналд Трамп, Президенти Амрико ба Ховари Миёна аз имзои созишномаи 142-миллиарддоларии фурӯши аслиҳа ва шарикии роҳбурдии иқтисодӣ миёни ИМА ва Арабистони Саудӣ, инчунин, лағви таҳримҳои Амрико алайҳи Сурия оғоз шуд.
Кохи Сафед бо нашри як изҳорот созишномаи фурӯши аслиҳаро “бузургтарин фурӯши силоҳи дифоъӣ дар таърихи” ду кишвар арзёбӣ кардааст.
BBC менависад, ки ин қарордод фурӯши “таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ ва хидматрасонии беш аз даҳ ширкати дифоъии Амрико” ба Арабистони Саудиро дар бар мегирад.
Кохи Сафед бо эълони ин, ки Амрико бо фурӯши бастаи силоҳҳо ба арзиши ҳудуди 142 миллиард доллар ба Арабистони Саудӣ мувофиқат кард, онро “бузургтарин созишномаи ҳамкории дифоӣ”-и Вашингтон то кунун хонд.
Дар варақаи иттилоотии Кохи Сафед танҳо гуфта шудааст, ки ин созишнома шомили муомилаҳо бо беш аз дувоздаҳ ширкати дифоии Амрико дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла, дифоӣ-ҳавоӣ, неруи ҳавоӣ, амнияти баҳрӣ ва иртиботот аст.
Муҳаммад бин Салмон дар дидор бо Трамп гуфт, ки маҷмӯи сармоягузории Арабистони Саудӣ дар Амрико метавонад бо тавофуқҳои бештар, ба як триллион доллар бирасад. Гуфта мешавад, ки Арабистони Саудӣ дар ояндаи наздик беш аз 600 миллиард доллар ба иқтисоди ИМА ворид хоҳад кард.
Раисҷумҳури Амрико дар дувумин рӯзи сафараш ба Арабистони Саудӣ, бо сарони кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс дидор дошт.
Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, нишасти муштараки Амрико ва Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс рӯзи 14-уми май дар Риёз баргузор шуд.
Ин хабаргузорӣ бо ишора ба пешинаи ҳамкориҳо байни Амрико ва шаш кишвари узви ин эътилофи минтақаӣ навиштааст, ки ин нишаст “фасли наве аз ҳамкориҳои созандаро рақам хоҳад зад”.
Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Умон ва Кувайт шомили Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс мебошанд.
Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар Риёз бо Аҳмад Аш-Шаръ, президенти кунунии Сурия дидори кӯтоҳе дошт. Ӯ дар ин мулоқот ба тақвияти ҳамкориҳо ва нарм кардани муносибати Сурия бо Исроил ишора кардааст.
Зимни сафараш ба Ховари Миёна масъалаи Эрон ҳам аз назари Трамп дур намонд. Ӯ дар бахше аз суханронии худ дар бораи Эрон гуфтааст, ки “имрӯз на танҳо барои маҳкум кардани ошӯбҳои раҳбарони Эрон дар гузашта, балки барои пешниҳоди роҳи нав ба сӯи ояндаи бисёр беҳтар ва умедвортар дар ин ҷо ҳастам. Мехоҳам бо Эрон созиш бибандам. Агар ин корро тавонистам, агар ин созишнома минтақа ва ҷаҳони шуморо ба ҷои амнтар гардонад, ман хеле шод мешавам”.
Трамп дар суханрониаш вожаи Халиҷи Форсро кор бурд, ки дар авохир мавриди баҳсу мунозираҳо шуда буд. Зеро бархе аз кишварҳои манфиатдор онро Халиҷи Араб номидан мехоҳанд.
Дар сафари дурӯзааш ба Ховари Миёна Доналд Трампро мушовираш миллиардер Илон Маск, директори кулли OpenAI Сэм Алтман ва роҳбари ширкати Nvidia Ҷенсен Хуанг ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар рӯзҳои наздик ӯ ният дорад, ки боз аз ду кишвари Ховари Миёна – Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб боздид кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ