Трамп: ИМА омодаи гуфтугӯ бо Эрон аст

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълом кард, ки талош дорад, бо Эрон гуфтугӯ кунад. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар баъди сарнагун сохтани ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ аз сӯи Эрон байни ду кишвар таниши нав сар зад.

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, барои гуфтугӯ ҳеч қайду шарте пеш нагузоштаанд. Аммо дар мусоҳиба бо телевизиони NBC News вай афзуд, умедвор аст, ки дар муколама мавзуи барномаи ҳастаӣ баррасӣ мешавад. «Дар сурати мавҷуд будани хоҳиш, мо ба таври фаврӣ ба созиш хоҳем расид. Яъне, агар Эрон хоҳад, дубора ба кишвари пешрафта табдил шавад», — гуфт Трамп.

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА низ ба ин мазмун изҳори назар кард. Вай гуфт, ба маҳзи он ки Эрон барои тамос гирифтан алоқамандӣ нишон диҳад, ИМА иқдом мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Доналд Трамп бояд таҳримҳои навро нисбати Эрон эълом кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *