Трамп: Моро одамони нотавон роҳбарӣ мекунанд

Собиқ президенти Иёлоти Муттаҳида аз хатари Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ба далели афроди нотавон дар мақомҳои раҳбарикунанда ҳушдор дод. Ӯ гуфт, ки он имкон дорад дар пайи низоъ бар сари Украина ва ё Тайван сар занад.

«Мо метавонем ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ расем, зеро моро одамони нотавон роҳбарӣ мекунанд. Ин ҷанг бадтар аз ҳар ҷанги дигар дар таърих хоҳад буд, зеро мо силоҳҳое дорем, ки ҳеҷ кас монанди онро надидааст»,- гуфт ӯ зимни як суханронияш дар Техас.

Трамп итминон дод, ки дар замони раҳбарии ӯ низоъ дар Украина мисли замони маъмурияти кунунии Амрико рух намедод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.