Трамп: Оташбас миёни Исроил ва Эрон ба иҷро даромад, вайрон накунед

 Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чанд лаҳза қабл дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” эълон кард, ки: «Оташбас ҳоло ба иҷро даромадааст. Лутфан онро вайрон накунед!»

Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки расонаҳои байналмилалӣ аз шурӯи эҳтимолии оташбас миёни Исроил ва Эрон аз соати 7:00 субҳи имрӯз ба вақти Теҳрон хабар додаанд.

То ҳол мақомоти расмии Эрон ва Исроил ин хабарро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар як изҳороти қаблӣ, Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии  Эрон гуфта буд:

«Ба шарте, ки режими ишғолгари Исроил то соати 4-и субҳ ҳуҷумҳои ғайриқонунии худро қатъ кунад, мо низ қасде барои посух надорем».

Ӯ афзуд, ки тасмими ниҳоӣ дар бораи қатъи амалиёти низомӣ аз ҷониби Эрон гирифта хоҳад шуд.

Ин изҳорот дар пайи чанд рӯзи таниш ва ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоии шадид байни ду тараф пахш мешавад, ки нигарониҳои байналмилалиро дар мавриди густариши ҷанг дар минтақа бештар кардааст.

 Агар оташбас амалан ба иҷро даромада бошад, он метавонад қадами аввал ба сӯи коҳиши шиддат ва шонси бозгашт ба дипломатия дар Ховари Миёна бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *