Трампро 400 соли зиндон таҳдид мекунад

Алайҳи президенти пешини ИМА Доналд Трамп айбномае бастаанд, ки тибқи он дар маҷмуъ 400 соли зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, Трамп ба 38 банд айбдор карда шудааст. Аз рӯи ду модда ба ӯ то 5 сол, аз рӯи 32 банд то 10 сол, аз рӯи чаҳор модда то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Инчунин алайҳи номбурда эҳтимол миллионҳо доллар ҷарима таъйин карда шавад.

Гуфта мешавад, ки ба Трамп аз рӯи 31 модда то 10 соли зиндон ва ҷарима то 250 ҳазор доллар, аз рӯи 4 банди дигар то 20 соли зиндон ва ҷарима то 250 ҳазор доллар ва инчунин аз рӯи 2 банди дигар то 5 сол зиндон ва то 250 ҳазор доллар ҷарима таҳдид мекунад.

Манбаъҳо меафзоянд, ки бархе аз иттиҳомот ба қонуни ба истилоҳ ҷосусӣ ва қасдан пинҳон кардани асноди махфӣ ва ҳамчунин иттилооте, ки барои амнияти миллӣ муҳим аст, иртибот доранд. Бахши дигар ба иштироки Трамп дар тавтеъа барои пӯшонидани ҷиноят марбут аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *