Трампро мехоҳанд суд кунанд

Доналд Трамп, президенти собиқи Амрико дар робита бо пардохти музди кори як бозигари филмҳои фаҳш расман муттаҳам шуд.

Ҷузъиёти иттиҳомот ҳанӯз мунташир нашудааст.

Рӯзи панҷшанбе ҳайати судяҳои Суди Олии ИМА раъй дод, ки президенти собиқи Амрико бояд дар иртибот бо пардохти 130 ҳазор доллар ба бозигари филмҳои фаҳш расман муттаҳам карда шавад.
Ин аввалин парвандаи ҷиноятӣ алайҳи як президенти собиқи Амрико мебошад.

Вакили Трамп ин хабарро таъйид кард ва гуфт: «Ӯ ҳеҷ ҷурме муртакиб нашуда, мо сарсахтона бо ин парвандаи сиёсӣ дар додгоҳ меҷангем».

Баъзе расонаҳои амрикоӣ низ гузориш доданд, ки президенти собиқ дар рӯзҳои наздик боздошт хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *