Туҳфаи раиси шаҳри Душанбе ба Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев (аудио)

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ду нафар варзишгари тоҷикро, ки аз мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» бо дастовард баргаштанд, қадрдонӣ намуд.

Тавре Pressa.tj иттилоъ ёфт, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов — узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» хонаи 2-ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев — дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ тақдим карда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки аз 4 то 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини ҷудо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи олӣ варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов медали тилло ва Муллораҷаб Халифаев медали нуқраро соҳиб гардиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.