Туркия аз созиши Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол кард
Ҷумҳурии Туркия аз созишномаи сеҷониба оид ба муайянсозии нуқтаи пайвасти марзҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид, истиқбол намуд.
Дар изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Туркия гуфта мешавад:
«Мо аз созишнома оид ба муайян кардани нуқтаи пайвасти марзӣ миёни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон истиқбол мекунем. Итминон дорем, ки ин созиш ба таҳкими сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард».
Қаблан, ИМА, Арабистони Саудӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ низ аз имзои ин созиш истиқбол намуда, онро як қадами муҳими сулҳофарин номиданд.
Созишномаи мазкур ва Эъломияи дӯстии ҷовидонаи Хуҷанд аз ҷониби президентҳои се кишвар дар ҷараёни мулоқоти расмии сеҷониба имзо шуда, он заминаи муҳиме барои таҳкими равобити байнидавлатӣ арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ