Туркия: Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо муассиси ширкати OZTURK HOLDING

17-уми январи соли 2022 бо дархости ҷониби туркӣ вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Гулов Ашрафҷон бо муассиси ширкати бузурги туркӣ “Озтурк Холдинг” Юсуф Озтурк баргузор гардид.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла бонкдорӣ, сохтмон, энергетика ва саноат барои ширкатҳои туркӣ, алалхусус OZTURK HOLDING мубодилаи афкор намудаанд.

— Муассиси ширкати мазкур ҷойгиршавии стратегии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тавассути воридсозии сармояи мустақим иброз намуд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.