Туркманистон: Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Меҳриҷамал вохӯрд

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар Ашқобод мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон Меҳриҷамал Маммедова баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таҳким ва густариши минбаъдаи уфуқҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва санъат табодули афкор намудаанд.

Аз ҷумла, дурнамои ҳамкориҳо дар самти табодули фарҳангии доираҳои илмию эҷодии ду кишвар, баргузории дарсҳои маҳорат барои донишҷӯёни дар донишгоҳҳои соҳавӣ таҳсилкунанда, сафарҳои дастаҳои эҷодӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин замина имкони таҳкими ҳуқуқии ҳамкориҳо миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон, инчунин Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Академияи давлатии санъати тасвирии Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

— Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода ва вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов низ ширкат доштанд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.