Турсунзода: мусодираи 70 кило маводи нашъаовар
Дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон дарёфту мусодира карда шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ се сокини шаҳри Турсунзода, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буданд, боздошт гардиданд. Ҳодиса дар ҳудуди заминҳои корами деҳаи Ширинчашмаи Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шудааст.
Ҳангоми боздошт аз онҳо се адад борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон, дар маҷмӯъ 70 килограмм, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Айни ҳол нисбат ба шахсони боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ аз ҷониби мақомоти тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ