ТВ «Сафина» чаро мактаби баргузида аст?

Ҳангоми ба фаъолият шурӯъ кардани «Телевизиони Сафина» Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онро меваи Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ карда буд, ки он  ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ пайки нек меоварад. 15 сол сипарӣ шуд ва имрӯз фазои иттилоотии Тоҷикистонро бидуни ин телевизион тасаввур кардан душвор аст… 

Саҳифаи таърих

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 308 аз 22 августи соли 2005-ум таъсис ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси расмии он маҳсуб меёбад.

Санаи сеюми сентябри соли 2005 соати ҳашти субҳ аввалин барномаи телевизионӣ тариқи эфири шабакаи «Телевизиони Сафина» пахш ва манзури сокинони мамлакат гардид.

«Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантанаи ба фаъолият оғоз намудани Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ширкат варзида, шахсан бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ ба фаъолияти боз як шабака дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ бахшиданд», – мегӯяд Носир Саид,  директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина».

Сарвари давлат «Телевизиони Сафина»-ро меваи истиқлол маънидод сохта, онро ҳамзамон саҳнаи озоди афкору пайкори тамоми фарҳангиёни кишвар ва инъикосгару таблиғкунандаи фарҳанги волои миллӣ арзёбӣ намуд.

«Самти асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба инъикосу тарғиби сиёсати пешгирифтаи созандаю бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, истеҳсол ва пахши барномаҳои телевизионии суръатбахшандаи раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии Тоҷикистон, ҷараёни демократикунонии ҷомеа ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҷаҳон равона гардидааст», – мегӯяд ҳамсуҳбати дигари мо Зебунисо Азизӣ, муовини директори «Телевизиони Сафина».

Аз ташкили ТВ «Сафина» 15 сол сипарӣ шуд.

Дар ин муддати на он қадар тӯлонӣ ин шабака ба ҳар як хонадони тоҷик роҳ ёфт, дар қалбҳо ошён гузошт ва маҳбубтарин шабакаи телевизионӣ эътироф шуд.

Дар ин муддати на он қадар тӯлонӣ «Телевизиони Сафина» даҳҳо лоиҳаи эҷодиро роҳандозӣ карда, дар тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолияти кишвар ва саҳифаҳои таърихи миллат нақши бориз гузошт. 

 «Сафина» марзҳоро убур мекунад

Соли 2020 бо вуҷуди душвориҳояш барои Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» бобарор буд. Яке аз дастовардҳои телевизион дар ин сол дар 8-умин Намоиши байналмилалии кинои кӯтоҳмуддати Осиё дар Чин (8 tj Asian Micro Film Art Festival) соҳиби Ҷоизаи Golden Begonia Award гардидани филми «Ношунаво» (Deaf)-и коргардони ҷавони шабака Усмон Юсуфов мебошад.

Ғолибият дар «8 tj Asian Micro Film Art Festival» осон набуд, зеро  дар ин фестивал 21 ҳазор филми кӯтоҳмуддат аз 30 кишвари ҷаҳон барои ҷоиза рақобат мекарданд. 

Носир Саидов, директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», мегӯяд, ки соҳиби ҷоиза шудани филми «Ношунаво» дар чунин ҷашнвораи бошукӯҳ ягона дастоварди «Телевизиони Сафина» нест:

 «Дар давоми соли 2020 дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии Телевизиони давлатии KBS-и Ҷумҳурии Корея филми илмию иттилоотӣ оид ба ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрори Тоҷикистон наворбардорӣ кардем. Ин филм тариқи Телевизиони давлатии KBS-и Ҷумҳурии Корея намоиш дода шуд ва миллионҳо нафарро бо  мавзеъҳои сайёҳӣ ва табиати нотакрори кишварамон ошно сохт», — мегӯяд  номбурда.

Воқеан, «Сафина» марзҳоро убур мекунад.  «Сафина»-ро дар ҳамаи кишварҳои олам тоҷикон тамошо мекунанд.

 «Фазо» ва «Ганҷи бебаҳо»

Носир Саидов, директори «Телевизиони Сафина»мегӯяд, ки муҳимтарин унсур дар телевизион роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои ҷадид ва барномаҳои ҷолиб мебошад.

«Агар телевизион мувофиқи завқи тамошобин  барномаҳояшро бозбинӣ насозад ва лоиҳаҳои нав роҳандозӣ накунад, номуваффақ хоҳад буд».

«Сафина» ва аҳли эҷоди он аз рӯи ҳамин принсип амал мекунанд. Ҳамин аст, ки дар соли 2020 чандин барнома хои ҷадидро роҳандозӣ карданд, ки писанди тамошобин шуд.

«Дар семоҳаи охири соли 2020 14 барномаи нав, аз қабили «Фазо», «Замзамаи ободӣ», «Дарси дутор», «Ганҷи бебаҳо», «Солим бимонед», «Олиҳа», «Мегӯянд, ки…», «Дафтари роз», «Хушнамо», «Ҳушманд», «Хотираҳо», «Ҳадаф», «Минбари андеша» рӯи эфир омаданд, ки ин имкон дод, соатҳои оригинали аз 6 соати қаблӣ ба 8 соат дар як рӯз расонида шаванд. Дар баробари пешниҳоди лоиҳаҳои нав ба мазмуну мундариҷа ва тарзи пешниҳоди барномаҳо тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла, ҷолибияти барномаи «Фазо» он аст, ки дар он мусиқӣ ва сурудҳо зинда, бе истифодаи фонограмма садо медиҳанд. Барнома ҳафтае се маротиба таҳия ва пахш мегардад. Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳунармандони ансамблҳои давлатӣ меҳмони ин барнома буданд», — мегӯяд номбурда.

Айни замон дар «Телевизиони Сафина» 45 барнома  тахия ва пахш мешавад, ки барои таҳияи босифати онхо зиёда аз 200 нафар кормандони эҷодиву техникӣ заҳмат мекашанд.

Аз «Нотавон» то «Бесадо»

Яке аз муваффақиятҳои асосии «Телевизиони Сафина» ба наворгирӣ ва дубляжи филмҳо мебошад. Тӯли солҳои фаъолият ин шабака даҳҳо филми мустанаду бадеӣ ба навор гирифта шуд. Танҳо дар давоми соли 2020  ду филми бадеии кӯтоҳмуддат – «Бесадо» ва «Нотавон» аз ҷониби ин шабака пешниҳоди тамошобинон гардид.

Ғайр аз ин, аҳли эҷоди «Телевизиони Сафина» дар давоми сол дар ҳаҷми зиёда аз 8000 дақиқа ё 130 соат филмҳои бадеиро дар мавзӯъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон  намуданд. Филмҳои «Хунсард», «Асири барф», «Ҳама чиз ба хотири ӯ», «Хирс», «Маршали ҳавоӣ», «Хаткашон» (ду қисм) аз ҷумлаи онҳо мебошад.

«Сафина» ба соҳили мурод мерасад

Воқеан, «Телевизиони Сафина» дар фазои иттилоотии кишвар мавқеи намоён дорад. Ин телевизион дар инъикоси дастовардҳои кишвар пешсаф мебошад.  Барномаҳое, ки дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз, 5500 — солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва дигар чорабиниҳои бошукӯҳи кишвар «Сафина» пешниҳод кард, беҳтарин пӯшиши хабарӣ арзёбӣ мешаванд.

«Телевизиони Сафина» ҳамеша дар пайи навгонӣ  аст. Айни замон дар «Сафина» ҳамарӯза то ду соат барномаҳои мустақим пахш мешаванд, ки таҳияи он кори сода нест.

«Барои кормандони мо аз ҳама муҳим, ҳарфи нав гуфтан, ҷолиб пешниҳод кардани барнома ва аз рӯйи меҳру муҳаббат фаъолият кардан аст. Агар корманди телевизион ба касби хеш содиқ бошад, чизи нав таҳия кунад, тамошобини худро меёбад», — мегӯяд Носир Саидов, ки дар интихоби кадрҳо ва ба эфир роҳ додани барномаҳо хеле сахтгир мебошад.

Муваффақияти «Телевизиони Сафина» ҳам дар он аст, ки аҳли эҷоди он ба тамошобини сершуморашон муҳаббат доранд. Ҳамин аст, ки шурӯъ аз «Навид» то дигар барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва таҳлилии ин телевизион тамошобин дорад.

О.СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *