Убайдулло Асрорзода: Аз рӯйи 5 кластер донишҷӯ қабул мекунем

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯйи 5 кластери Маркази миллии тестӣ довталабонро қабул мекунад. Айни замон дар ин муассисаи олӣ 96 ихтисос мавҷуд аст.

Дар ин бора 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода иттилоъ дод.  

“Донишгоҳ мақоми байналмилалӣ дорад ва дар он тамоми шароити таълим фароҳам аст. Бо ин мақсад тамоми ихтисосҳоро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар донишгоҳ роҳандозӣ намудем. Ҳамчунин, дар донишгоҳ ихтисосҳои нав ва мутобиқ ба талаботи замон таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, ихтисоси журналистикаи байналмилалӣ, ки ҳоло донишҷӯён дар он таҳсил доранд”,-изҳор дошт ректор.  

Иттилоъ дода шуд, соли 2024 нақшаи қабули донишҷӯён ба ин донишгоҳ 100 фоиз иҷро шуд. Ҳамчунин,  устодони донишгоҳ 2720 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ ба нашр расониданд. Нисбат ба соли 2023 -юм 1639 мақола зиёд мебошад.

Соли гузашта 8 нафар омӯзгори самти сайёҳии донишгоҳ дар Донишгоҳи Ситии Малайзия ва 10 нафар омӯзгори равияи иқтисодӣ дар Донишгоҳи бизнес ва технологияи Сичуан, Синдао ва Завҷуани Чин аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *