Убайдулло Вализода: Ҷиҳати иҷрои нақшаи андоз корҳои муҳимро анҷом додем
Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина, Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷроиши нақшаи андоз дар се моҳи аввали соли 2025 корҳои муҳимро анҷом додааст.

Иҷрои нақшаи андоз
Бино ба иттилои сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Убайдулло Вализода, нақшаи андоз дар се моҳи соли 2025-ум 15726486 сомонӣ буда, иҷроиш 15782086 (100,0 фоиз) сомониро дар бар гирифтааст, ки маблағи зиёд воридгардида 55600 сомонӣ аст.
Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар се моҳи соли 2025-ум 2739888 сомонӣ буда, иҷроиш 3104827 сомонӣ (113,0 фоиз) таъмин гардидааст, ки маблағи зиёд воридгардида 364939 сомонӣ мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ 7794216 сомонӣ муайян гардида, иҷроиш 8216222 сомонӣ (105,0 фоиз) таъмин шудааст, ки маблағи зиёд воридгардида 422006 сомонӣ аст.
Дар маҷмуъ, нақшаи ҷамъи андозҳо ва андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 26260590 сомонӣ буда, иҷроиш 27103135 сомонӣ (103,0 фоиз) таъмин гардидааст. Маблағи зиёд воридгардида 842545 сомониро ташкил медиҳад.
Бақияпулии умумии андоз ба ҳолати 1-уми январи соли 2025-ум 7681,6 сомонӣ ва ба ҳолати 1-уми апрели соли 2025-ум 7466,5 сомониро ташкил додааст, ки нисбати аввали сол 215,1 сомонӣ кам гардидааст.

Шумораи андозсупорандагон
Дар ноҳия шахсони ҳуқуқӣ дар барномаи СИА 571 адад амалкунанда ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла кооперативи тиҷоратӣ – 167 адад, ҶДММ-ҳо – 133 адад, ҶДММ-ҳо бо РСБ – 52 адад, бонкҳо ва ФҚХ-ҳо – 7 адад, ассотсиятсияҳо – 10 адад, ташкилотҳои буҷетӣ – 111 адад, масҷидҳо – 5 адад, ташкилотҳои ҷамъиятӣ – 21 адад, филиал ва намояндагиҳо – 42 адад, иттифоқҳои касаба – 3 адад, ҳизб – 1 адад, корхонаҳои давлатӣ – 10 адад, дигар ташкилоту муассисаҳо 9 адад.
Соҳибкорони инфиродии тибқи петент ва шаҳодатнома фаъолиятбаранда 4449 адад, аз он ҷумла тибқи патент 415 адад, тибқи шаҳодатнома 322 адад, тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус 763 адад ва хоҷагии деҳқонии инфиродӣ 2949 адад ба қайд гирифта шудаанд.
Дар нозироти андоз 22 адад супорандаи ААИ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаашон амалкунандаанд.
Соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда дар се моҳи соли 2025-ум 23 адад ба қайд гирифта шудаанд. Нақшаи патент дар се моҳи соли 2025-ум 581209 сомонӣ буда, 581805 сомонӣ (100,0 фоиз) бо фарқияти 596 сомонӣ зиёд ворид гардидааст.
Дар се моҳи соли 2025-ум шаҳодатномаи СИ 22 адад, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 60 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 33 адад ба қайд гирифта шудаанд.

Қарорҳову огоҳиномаҳо
Дар самти чораҳои маҷбуран ситонидани андоз дар се моҳи соли 2025-ум 40 адад қарор ба маблағи 630,0 ҳазор сомонӣ қабул гардида, 293,8 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки 46,6 фоизро ташкил медиҳад.
64 адад протоколҳои ҷаримаҳои маъмурӣ ба маблағи 117450 сомонӣ тартиб дода шуда, 49325 сомонӣ воридот шудааст, ки 42,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар се моҳи соли 2025 ба 135 шахси ҳуқуқӣ ва 334 соҳибкори инфиродӣ ба маблағи 5090,1 ҳазор сомонӣ огоҳинома супорида шудааст, ки 416,6 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.
Санадҳои камералӣ ва хариди назоратӣ
Дар се моҳи соли 2025 аз тарафи Нозироти андоз 11 маълумотномаи камералӣ ба маблағи 334,5 ҳазор сомонӣ ошкор карда шудааст.
Дар давоми се моҳи соли 2025-ум 17 адад хариди назоратӣ гузаронида шудааст. 17 адад протоколи маъмурӣ ба маблағи 46,5 сомонӣ тартиб дода шуда, 30,0 сомонӣ ворид гардидааст.
Дар се моҳи соли 2025 дар ноҳия 28 адад ДНХ, аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 4 адад ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 24 адад ба қайд гирифта шудааст.
Дар се моҳи соли 2025-ум 7 адад муоинаи хронометражӣ гузаронида шудааст. Пеш аз муоинаи хронометражӣ ба маблағи 43,1 сомонӣ, баъд аз муоинаи хронометражӣ 109,7 сомонӣ маблағи иловагӣ ҳисоб шуда, 66,6 сомониро ташкил намудаву ба буҷет пурра пардохт карда шудааст.
Санҷишҳои амалиётӣ
Дар давоми шаш моҳи соли 2023 аз тарафи кормандони нозироти андоз 2 адад санҷиши амалиётӣ гузаронида шудааст. 179 нуқта санҷида шуда, 23 андозсупоранда бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ таъмин карда шуда, 14 адад протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаву ба маблағи 45260 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шудааст. 41 коргари кироя ба қайд гирифта шуда, музди меҳнати иловагӣ ба маблағи 56150 сомонӣ ҳисоб карда шудааст.
Дар натиҷа андозҳои иловагӣ ба маблағи 71448 сомонӣ ҳисоб карда шуда, ба буҷет ворид гардидааст.
Инвентаризатсия
Шумораи умумии андозсупорандагони молу мулк ба сани 01.01.2025 дар ноҳия 33017 нафарро ташкил медиҳад. Дар се моҳи соли 2025 нисбати 1982 соҳибмулкон инвентаризатсия гузаронида шудааст, ки 6,0 фоизро ташкил менамояд. Дар барномаи компютерии СИА 1982 адад маълумотҳои соҳибмулкон ворид карда шудааст, ки 100 фоизро ташкил медиҳад.
Дар се моҳи соли 2025 шумораи иҷорадиҳии амвол 21 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12 адад зиёд мебошад.
Тавре сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Убайдулло Вализода зикр мекунад, «роҳбарият ва кормандони нозироти андози ноҳия аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки таъмини пардохти андозҳои давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро гузоранд ва иҷроиши сифатноки тамоми намудҳои андози давлатиро дар соли 2025 таъмин созанд».
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ