Умедаи 31-сола бо гумони куштани хушдоманаш дастгир шуд. Ӯ кист?

Рӯзи 9-уми ноябр Умеда Шарифова сокини 31-солаи ҷамоати Дарқади нояи Фархор бо гумони куштани Файзигул Олимова, хушдомани 55-солааш боздошт шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр хабар дод, ки Умеда Шарифова дар вақти муноқиша бо корд 2 маротиба ба гардани хушдоманаш задааст, ки дар роҳ ба беморхона ҳалок шудааст.

Як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “сабаби куштор хушунати хонаводагист”. “Ба тфтишот гуфтааст, ки гуё доим хушдоманаш ӯро ғам медодааст. Ҳамин ҳолат боиси ҷангу ҷанҷол ва боиси ба қатл расонидани хушдоман ба дасти келин шудааст. Ҳоло тафтиш оғоз шудааст ва келин ҳам дар боздоштгоҳ қарор дорад”,-иброз доштааст манбаъ.

Ва гуфта мешавад, ки Додситонии ноҳия нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи “Одамкушӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

То ҷое маълум аст Умеда Шарифова як фарзанд дорад ва замоне ба хушдоманаш ҳамла кардааст, ки шавҳараш дар хона набудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.