Ҳумо Фараҳвашӣ – Амрико — Эрон

Барбодрафта…

Шавқи сафарам ҳаст, вале болу парам нест,

Ҷуз шури паридан зи қафас дар назарам нест.

Боле, ки шикастааст ба парвоз чӣ хонӣ,

З-он хотираҳо ғайри ҳавое ба сарам нест.

Гуфтӣ сухан аз хеш бигӯям, чӣ бигӯям,

Эй дӯст ба ҷони ту, ки аз худ хабарам нест.

Рӯзе, ки гузидем сари хоки раҳи дӯст,

З-он пас сари ин хонаву он раҳгузарам нест.

Гирдоб маро бар сари ин мавҷ нишондаст,

Ғалатидааму фикри раҳоӣ ба сарам нест.

Чун мӯр дарафтода ба тосам ману донам,

З-ин лағзишу бархостани ман самарам нест.

Ороми ман он ҷо, ки дилроми ман он ҷост,

Ором нагирам, ки дилором барам нест.

Ман дар ҳаваси хонаи худ хонабадушам,

Мемирам аз ин ғусса, ки пойи сафарам нест.

Як мушк аз он хок ба дунё нафарўшам,

Гар боғи биҳишт аст ҳавои гузарам нест.

«Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест»,

Ин бом баланд аст, вале бому дарам нест.

***

Бути сангӣ

Бути сангӣ, ман туро сохтаам,

Пайкаратро ман зи ҳар зоида пардохтаам.

То ту пардохта гардӣ,

Ман ба поят ҳама ҳастии худ бохтаам.

Бути сангӣ,

Солҳо аз паси ҳам рафту гузашт,

То ки бо қимати як умр ба тасвири ту ҷон бахшидам.

Ва ту бо аввалин ҷунбиши хеш,

Тешаро бар сари ман кӯфтаӣ,

Дарси талхе ба ман омӯхтаӣ.

Захми сар?

Боке  нест,

Захми дил мекашадам.

Қимати санги дилат чанд? Харидорам ман,

То ба ин вазна накӯбӣ сари ҳар дӯст ба санг,

То насозӣ дигареро дилтанг.

Рӯзҳои хуши мо зуд гузашт,

Бигзарад қиссаи ин даврон ҳам,

Беш аз инам ба шаби чашмони бенигоҳат масупор.

Бути сангӣ бигзар аз мову ба хешам бигузор,

Ба саломат, ашки ман бадрқаи роҳ ту бод,

Хонаам вайрон кардӣ, хонумонат обод.

هما فره وشی- آمریکا- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *