Устодони ДМТ аз Кувайт се медал: 2 тилло ва 1 нуқра оварданд
Се устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми ихтироъкорони Ховари Миёна иштирок ва соҳиби се медал: 2 тилло ва 1 нуқра гардиданд. Ин форум аз 16 то 19 феврали соли равон дар Давлати Кувайт доир шуда аз 42 давлати ҷаҳон 197 иштирокчиро ба ҳам ҷамъ овард.
Дар ин намоишгоҳи сатҳи байналмилалии пайванди илм бо истеҳсолот а 197 ихтироъкор дар зиёда аз 50 самти илмӣ навгониҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Дар ин намоишгоҳ 6 нафар олимону профессорон ва ихтироъкорон аз макотиби олии Тоҷикистон, аз ҷумла 3 нафар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: Самиҳзода Шонаврӯз Раҳим – доктори илмҳои техникӣ, профессор, мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химия, Ёров Муродбег Ёрович – номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи усули таълими химияи факултети химия ва Аловуддинзода Рухшона Мустафо – номзади илмҳои химия, муовини директори Институти илмию таҳқиқотӣ иштирок намуданд.
Баъд аз натиҷагирии ҳайати баландпояи ҳакамон, ки аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ созмон дода шуда буд, 19 феврали соли ҷорӣ маросими расмии ҷоизасупорӣ баргузор гардид.
Дар миёни 197 иштирокчӣ аз 42 давлати ҷаҳон намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби 2 медали тилло (Самиҳзода Ш.Р., Аловудинзода Р.М.) ва 1 медали нуқра (Ёров М.Ё.) шуданд.
Гуфта мешавад, ки ихтироотҳои пешниҳодшуда бештар ба самти илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ бахшида шуда буд. Ҳайати ҳакамон ба ихтироотҳои олимони тоҷик баҳои баланд додаанд. Инчунин, таваҷҷуҳи сармоягузорони Вазорати иқтисод ва савдои давлати Кувайт ба ихтироотҳои олимони Тоҷикистон бештар гашта, дар зимн масъалаҳои грантҳои илмӣ миёни олимони тоҷику давлати Кувайт баррасӣ гаштааст.

Ёдовар мешваем, ки 20 феврал зимни як ҷаласа ректори Донишгоҳи милллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иштирокчиёни 15-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёнаро табрик гуфт. Ӯ барои дастоварди назарраси илмияшон ба мукофотпулӣ қадрдонӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ