Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар «Алмаато» бозӣ мекунад

Ёдгор Ғуломалиев аввалин волейболбози тоҷик гардид, ки ҳамчун легионер дар хориҷ аз кишвар бозӣ хоҳад кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Варзиш» хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Ғуломалиев бо дастаи “Алмаато”-и Қазоқистон барои 8 моҳ шартнома имзо кардааст. Волейболбози тоҷик дар ҳайати ин даста дар як моҳ 1500 доллар маош мегирад.

Дастаи «Алмаато» 6 маротиба чемпиони Қазоқистон ва 3 маротиба барандаи Ҷоми Осиё гардидааст.

Ёдгор Ғуломалиев узви дастаи мунтахаи волейболи Тоҷикистон аст. Дар 30 соли охир ягон волейболбози тоҷик бо дастаҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонида буд ва ин аввалин иқдом аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.