Ваҳдат: Ба буҷети давлат 131 миллиону 864 ҳазор сомонӣ ворид гардид
Рӯзи 12-уми июл нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки васеи рӯзноманигор ҷиҳати ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2021 доир гашт.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 ҷамъи даромадҳои маҳаллӣ 106 миллиону 135 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 128 фоизи нақша буда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 34 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра қисми даромади буҷети иҷтимоӣ ба маблағи 41 миллиону 886 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробари 121 фоизи нақшаи шашмоҳа мебошад. Ҷамъи даромадҳои ҷумҳуриявӣ 123 фоизро ташкил дод, ки ва ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн сомонӣ зиёд аст.
Дар маҷмӯъ ба буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайри буҷетӣ 131 миллиону 864 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки баробари 131,5 фоизи нақшаи шашмоҳа буда, дар қиёс нисбат ба шамин давраи соли гузашта 38 миллиону 782 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ