Ваҳдат: Мӯйсафеди бадмаст кордзанӣ кард

Як марди 62-сола аз деҳаи Пистамазори Ваҳдат нимаи дуюми рӯзи 23 октябр дар ҳолати мастӣ дар назди бозори шаҳри Ваҳдат бо як сокини 58-солаи Душанбе ҷанҷол карда, ба шиками ӯ як корд задааст. Ҷабрдида дар бемористон қарор дорад, мӯсафеди кордзан дастгир шудааст.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи сокини деҳаи Пистамазори шаҳри Ваҳдат, ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 23-юми октябри соли 2017, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар назди бозори марказии ш.Ваҳдат, дар ҳолати мастӣ бо марди 58-солаи сокини ш.Душанбе, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *