Ваксинаи саривақтӣ сипари боэътимоди кӯдакон аз гепатити B

Ваксинагирии саривақтӣ бар зидди яке аз навъҳои зардпарвин гепатити B кӯдаконро дар вилояти Хатлон аз сироятёбӣ муҳофизат кардааст. Аммо дар миёни насли калонсол хавфи гирифторшавӣ ба ин вирус то ҳол боқист.

Сироят ва оқибатҳои гепатити B

Гепатити B як бемории вирусӣ мебошад, ки шакли музмини он метавонад боиси илтиҳоб ва баъдан саратон шудани ҷигар гардад. Вируси гепатити B (HBV) асосан бо роҳҳои зерин: ҳангоми алоқаи ҷинсӣ, тавассути хунгузаронӣ, аз модари сироятёфта ба кӯдак ҳангоми таваллуд, истифодаи сӯзандоруҳои олуда, истифодаи воситаҳои гигиении шахсии бемор  интиқол меёбанд.

Нишонаҳои маъмулии гепатити B:

  • тирашавии пешоб;
  • сафед шудани наҷосат;
  • дарди зери қабурға (дар тарафи рости шикам);
  • зард шудани пӯст ва чашм;
  • бемадорӣ ва хастагии шадид;
  • дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ.

Табиби сироятшинос Майсара Баротова мегӯяд, ки беморӣ дар организми шахси сироятёфта хуруҷ намуда, табобати он метавонад зиёда аз 6 моҳ тӯл кашад. Агар дар вақти зарурӣ муолиҷа сурат нагирад, беморӣ метавонад ба марг низ оварда расонад.

Ба гуфтаи ӯ, кӯдаке, ки ба таври комил бо чанд воя ваксина иммунизатсия шудааст, дар 20 соли аввали ҳаёти худ аз хатари гирифторӣ ба ин беморӣ эмин мемонад.

Иммунизатсия муҳим, вале ихтиёрӣ аст

“Гепатити B бемории шадидан сирояткунанда буда, дорои шаклҳои шадид ва музмин аст. Муолиҷаи шакли шадид осонтар аст, аммо шакли музмин душвортабобат мебошад. Танҳо ба воситаи ваксинагирӣ метавон аз он ҷилавгирӣ кард”, – мегӯяд Абдуқодир Ғафуров, муовини директори филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар минтақаи Бохтар.

Ба кӯдакон вояи ваксинаи зидди гепатити B чор маротиба дар чанд моҳи аввали зиндагӣ гузаронида мешавад:

  • вояи аввал — дар таваллудхона, 24 соати пас аз таваллуд;
  • вояи дуюм — дар синни 2-моҳагӣ;
  • вояи сеюм — дар 3-моҳагӣ;
  • вояи чаҳорум — дар 4-моҳагӣ.

Ғафуров таъкид мекунад, ки ин ваксинаҳо хеле бехатаранд. Аз байни як миллион воя, шояд танҳо як ё ду ҳолат бо аксуламалҳои сабук мушоҳида шаванд. Ӯ афзуд, агар кӯдак дар ҳолати беморӣ қарор дошта бошад, ваксинагирӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта мешавад. “Агар кӯдак, масалан, бинобар сабаби муҳоҷират ё беморӣ сари вақт ваксина нагирифта бошад, то синни 5-солагӣ метавон онро фаро гирифт”, – гуфт мутахассис.

Мутаассифона, баъзе падару модарон аз ваксинагирии фарзандон худдорӣ мекунанд, ки ин метавонад паёмади ногувор ба саломатии насли оянда ва генофонди миллат дошта бошад. Иммунизатсия ройгон аст ва ба вазъи молиявии хонавода ҳеҷ таъсири манфӣ намерасонад.

Вазъият дар вилояти Хатлон

Ба иттилои Нурулло Бояков, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, соли 2024 дар вилоят чор ҳолати гирифторӣ ба гепатити шадиди B ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи онҳо калонсолоне буданд, ки қаблан ваксина нагирифтаанд.

Бояков мегӯяд, ки дар 23 соли охир сатҳи фарогирии кӯдакон ба ваксина баланд шуда, сирояти кӯдакон ва наврасон ба ин вирус қариб комилан пешгирӣ шудааст. Аммо дар миёни калонсолон, гарчи шумора кам аст, ҳанӯз ҳолатҳои гирифторӣ вуҷуд доранд.

Дар вилоят ташхиси вируси гепатити B бо се усул анҷом дода мешавад:

  • бо экспресс-тест;
  • бо усули иммуноферментӣ (ИФА);
  • бо усули занҷираи полимеразӣ (ПСР).

Саргузашти як бемор

Як сокини 60-солаи шаҳри Бохтар, ки нахост номаш зикр шавад, таҷрибаи беморшавии худро ба гепатити B чунин ба ёд меорад:

“Соли 2015 беморӣ хуруҷ кард. Пас аз муолиҷаи тӯлонӣ то ҳадде бартараф шуд, вале ҳоло ҳам мунтазам аз ташхис мегузарам. Ба гумонам соли 2008 ҳангоми ҷарроҳии талхадона сироят ёфтаам”.

Ӯ меафзояд, ки ҳангоми шунидани хабари марги модараш дар ҳолати сахти рӯҳӣ қарор дошта, баъд аз чанд соат худро бад ҳис кардааст. Беморӣ маҳз баъд аз 7 сол ба таври ғайричашмдошт зуҳур кардааст. Ӯ имрӯз пайваста ба фарзандону наздикон тавсия медиҳад, ки ҳатман кӯдакони худро ваксина кунанд.

Ислом ва ҳифзи саломатӣ

Мутаассифона, гоҳе мардум ба овозаҳои беасос бештар эътимод мекунанд ва аз ваксинагирӣ парҳез менамоянд. Дар ҳамин робита, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар Усмоналӣ Нурзода мегӯяд:

“Сарчашмаи ибодат саломатист. Пешгирии беморӣ барои ҳар як фарди мусалмон фарзу қарзи имонӣ аст”.

Вай бо такя ба ҳадиси Паёмбари Ислом (с) чунин меафзояд:

“Чун шунидед, ки дар сарзамине вабо (тоун) пайдо шудааст, ба он ҷо ворид нашавед ва агар дар он ҷо бошед, аз он ҷо хориҷ нашавед.”

Имомхатиб таъкид мекунад, ки шариат солимии инсонро неъмат ва ғанимат медонад ва риояи дастуру тавсияҳои табибон – қарзи ахлоқӣ ва динии ҳар шахс мебошад. Ӯ илова кард, ки тамоми фарзандону наберагонаш тибқи тақвими расмии иммунизатсия ваксина гирифтаанд.

Бибирокия Абдуллоева,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *