Варзишгарони тоҷик ширкати худро дар ЧО идома медиҳанд

Аз 2-юми март дар шаҳри Уммони кишвари Урдун Чемпионати бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон оғоз шуд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат доранд.

Дар чемпионат, ки то 14-уми март идома меёбад, варзишгарон аз 21 кишвари Осиё иштирок доранд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) намояндагӣ мекунанд.

Дар даври муқаддамотӣ ва чорякфинал варзишгарони Тоҷикистон миёни наврасон Меъроҷ Суфиҷонов (-48 кг), Дамир Муйбалихонов (-52 кг), Ҷаъфар Ҳакимов (-50 кг), Усмоншайх Усмонов (-63 кг), Аъзам Фозилов (-75 кг), Фирӯз Раҷабов (-80 кг), миёни ҷавонон Абубакр Муродов (-57 кг), Анушервон Ақназаров (-67 кг), Меъроҷ Зоидов (-48 кг), Асламҷон Қурбонов (-51 кг), Бузургмеҳр Иксанов (-54 кг), Саддам Давлатов (-63,5 кг) ва Парвиз Ахмедов (-92 кг) аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд.

Дар даври чорякфинал, ки рӯзҳои 5-7-уми март баргузор шуд, Анушервон Фозилов (-46 кг), Руслан Ғафуров (-57 кг), Рустамҷон Ашӯров (-60 кг) миёни наврасон, Абдураҳим Ёқубов (-60 кг), Нурланбек Эрматов (-75 кг) миёни ҷавонон ҳарифонашонро шикаст дода, ба даври нимфинал роҳ ёфтанд.

Акмалҷон Абдувалиев, Юсуф Фозилов ва Ҳангома Исоева дар асоси қуръакашӣ муҳорибаро аз даври нимфинал шуруъ мекунанд.

Муҳорибаҳои нимфинал рӯзҳои 10-11-уми март ба нақша гирифта шудаанд. Анушервон Фозилов (-46 кг) дар даври чорякфинал бар муштзани ироқӣ Аббос Қосим Ҳамдан бо ҳукми доварон пирӯз шуд. Дар даври ниманиҳоӣ ӯ бо муштзани қирғиз Зафарбек Комилов вомехӯрад. Руслан Ғафуров (-57 кг), Рустамҷон Ашӯров (-60 кг) 10-уми март, Абдураҳим Ёқубов (-60 кг), Юсуф Фозилов (-71 кг), Нурланбек Эрматов (-75 кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86 кг) 11-уми март дар даври нимфинал қувваозмоӣ мекунанд.

Рақиби Руслан Ғафуров муштзани яманӣ Алӣ Мугаҳед аз ҳаққи ширкат дар даври чорякфинал маҳрум шуд, Руслан ба таври худкор ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, ки бо муштзани қазоқ Торехон Собирхон вомехӯрад.

Рустамҷон Ашӯров дар даври чорякфинал бар муштзани ироқӣ Ҳусейн Алӣ Тамар Ал-Ҳа бо як қарори тақсим шикаст хӯрд. Дар даври ниманиҳоӣ ӯ бо намояндаи Ӯзбекистон Мирзокамрон Юнусов вомехӯрад.

Ҷаъфар Ҳакимов бо қарори якдилонаи доварон аз муштзани ӯзбек Самандар Олимов дар даври чорякфинал шикаст хӯрд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *