Васиятномаи Имоми Аъзам :Дар назди мардуми авом наханд
Боре Имом Абӯҳанифа пас аз он ки ташхис дод, шогирди рашидаш Абӯюсуф ба синни рушд расида ва ахлоқу кирдораш бисёр неку ва дилпазир гардида ва дар талаби илм кӯшост, васоёе ба вай иршод фармуд бад ин шарҳ: Эй Яъқуб!
- Ба ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияташро бузург шумор ва дар маҳзари ӯ аз дурӯғгӯӣ бипарҳез.
- То туро ҷиҳати масъалаи илмие фаро нахонда, ҳар вақт ва дар ҳар ҳолат пеши ӯ марав, зеро агар рафтуомадат назди ӯ зиёд шавад, туро ҳақир мешуморад ва аз чашмаш меафтӣ ва арзише бароят дар наздаш боқӣ намемонад. Бархӯрдат бо вай чунон бошад, ки бо оташ аст. Ҳам аз ӯ истифода кун ва ҳам худатро аз хатараш дур нигаҳ дор ва ба ӯ наздик машав, ки месӯзӣ ва аз ӯ озор мебинӣ. Ҳоким маъмулан чунин аст, ки арзише ки барои худаш қоил аст, барои дигарон қоил нест.
- Ҳеҷ гоҳ назди ҳоким пурҳарфӣ макун, чун вай барои он ки худашро дар ҷилу (назд)- и атрофиёнаш донотар ва олимтар аз ту ҷилва диҳад, бемаврид аз ту интиқод мекунад ва нуктаи заъф мегирад ва ту дар натиҷа дар чашми атрофиёнаш меафтӣ ва кӯчак ҷилва мекунӣ.
- Чунончи назди ҳоким рафтӣ, қадру манзалати худ ва дигаронро бишнос.
- Ҳар гоҳ дидӣ, қабл аз ту касе аз уламо, ки ту онро намешиносӣ, пеши ҳоким аст, ту худро ақиб бикаш ва дар чунин маҷлисе ҳозир машав. Чунонки агар ту аз олими мазбур дар илму манзалат камтар бошӣ, мумкин аст надониста худатро аз ӯ бартар бидонӣ ва дар натиҷа ӯ ба ту осеб бирасонад ва чунончӣ ту аз вай олимтар ва бартар бошӣ, мумкин аст дар назди вай кӯчак шавӣ ва дар натиҷа аз чашми султон бияфтӣ.
- Чунончӣ ҳокими вақт вазифае ба ту пешниҳод кард, напазир, магар ин ки мутмаин шавӣ, ки ӯ дар масоили илмӣ ва эътиқодӣ бо ту ҳамназар ва ҳамақида аст, то ин ки маҷбур нашавӣ, дар файсалаҳоят мухолифи эътиқод ва андешаат амал кунӣ.
- Бо атрофиён ва хешовандони ҳоким ҳаргиз робита барқарор макун. Бикӯш, ки робитаат сирфан бо худаш бошад.
- Ҳамвора кӯшиш кун, ки аз атрофиёнаш дур бошӣ, то арзиш ва ҳайсиятат маҳфуз бимонад.
- Дар ҳузури оммаи мардум ҷуз он чи аз ту мепурсанд, ҳарф мазан.
- Бахусус дар бораи муомилот ва тиҷорат ҳаргиз пеши авом сӯҳбат макун. Магар он ки ба илм марбут бошад, то ин ки гумон накунанд ту ба моли онҳо чашм дӯхтаӣ ё ин ки майли ришва гирифтан дорӣ.
- Дар назди мардуми авом наханд.
- Беш аз ҳад ба бозор марав.
- Бо бачаҳои рӯ ба булуғ гуфтугӯ макун, зеро онҳо фитна ҳастанд. Албатта агар бо бачаҳои кӯчак сӯҳбат кунӣ ва дасти шафқат ба сарашон бикашӣ, ишколе надорад.
- Бо бузургсолон дар роҳ якҷо марав, чун агар онҳоро аз худ ҷилу кунӣ, ба арзиши илмат латма мехурад ва агар худ аз онҳо ҷилу бияфтӣ, ба ҳайсияти худат латма ворид мешавад, зеро онҳо аз назари син аз ту бузургтаранд ва Паёмбар (с) фармуд: Касе ки ба бузургсолони мо эҳтиром нагузорад ва бар кӯчактарони мо шафқат накунад, аз мо нест.
- Ҳеҷ гоҳ бар сари роҳ манишин ва чунончӣ маҷбур шудӣ, ки берун аз манзилат бинишинӣ, пас дар масҷид бинишин.
- Дар дуконҳо манишин.
- Дар бозор ва масҷид чизе махӯр. (Албатта шаръан истисное вуҷуд дорад, монанди ин ки касе мӯътакиф бошад ё мусофир).
- Аз обҳое, ки бар сари роҳҳо гузошта шуда ва на аз дасти касоне, ки бар сари роҳҳо истодаанд ва ба мардум об медиҳанд об манӯш. (давом дорад)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ