Вазири нави дифои Русия. Андрей Белоусов кист?

Бо пешниҳоди Владимир Путин вазири дифои Русия Андрей Белоусов таъин шудааст.

Дар навбати худ Президенти Русия Владимир Путин Сергей Шойгуро, ки дар мақоми вазири дифоъ буд, дабири Шӯрои амният таъйин кард. Бо як фармони дигар Путин Николай Патрушевро аз ин мақом барканор кард.

Путин шоми 12-уми май номзадҳои дигарро ба мақоми раҳбарони вазорату идораҳо низ ба Шӯрои Федератсия пешниҳод кард.

Шойгу дар баробари масъулияташ дар Шӯрои амнияти Русия муовини Путин дар Комиссияи комплекси ҳарбӣ-саноатӣ хоҳад буд. Роҳбарии Хадамоти ҳамкории низомӣ-техникии Русияро низ ба вай супоридаанд. Ин идора аз тобеияти вазорати дифоъ берун шуда, ҳоло ниҳоди зери назорати президенти Русия аст.

Тавре Дмитрий Песков, сухангӯи Путин изҳор дошт, номзадии Белоусов ба мақоми вазири дифоъ аз он иборат аст, ки ин вазорат бояд комилан ба навоварӣ, ҷорӣ намудани ҳама ғояҳои пешқадам ва фароҳам овардани шароит барои рақобатпазирии иқтисодӣ боз бошад.

«Мувофиқ кардани иқтисодиёти блоки энергетикӣ ба иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст, то он ба динамикаи замони ҳозира мувофиқат кунад»,-гуфт ӯ.

Андрей Белоусов аз соли 2006 дар мақоми давлатӣ кор мекунад. Солҳои 2006-2008 муовини вазири рушди иқтисод буд. Солҳои 2008-2012 Белоусов мудири департаменти иқтисод ва молияи ҳукумати Русия шуд. Солҳои 2012-2013 вазири рушди иқтисодро бар ӯҳда дошт.

24 июни соли 2013 Белоусов ёвари президент шуд ва 13 июни соли 2018 дубора ба ин вазифа таъин шуд. 21 январи соли 2020 Андрей Белоусов мақоми муовини аввали сарвазирро гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *