Вазорат вақти оғози дарсҳоро иваз кард

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо қабули як қарор эълон доштааст, ки аз 1 сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд.

Қаблан бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси вақти Душанбе қарор шуда буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт дарсҳо аз соати 7:30 оғоз шаванд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 28-уми август бо қарори ҳайати мушовараи Вазорат реҷаи дарсӣ ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида шуд.

Вазорати маориф далели ин тасмимашро ба коҳиши танбашавии нақлиёти автомобилӣ ва муътадил гардидани ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе рабт додааст: “Машғулиятҳои басти дуюм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе тибқи реҷаи тасдиқгардида бетағйир боқӣ мондаанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *