ВКД: Дар соли 2021 ҷинояткорӣ зиёд шудааст

Дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 24 118 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шуда, танҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 15563 ҷиноят ошкор карда шудааст.

— Шумораи мазкур нисбат ба соли гузашта 658 ҳолат зиёд аст,- таъкид гардид имрӯз дар нишасти хабарии Вазорати корҳои дохилӣ.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 103 ҳолат, роҳзанӣ 38 ҳолат, ғоратгарӣ 138 ҳолат, таҷовуз ба номус 52 ҳолат, савдои одамон 52 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 150 ҳолат, авбошӣ 1224 ҳолат, қаллобӣ 3263 ҳолат, дуздӣ 6425 ҳолат, ҷиноятҳои иқтисодӣ 3379 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *