ВКД Диловарро меҷуяд

РКД -и Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое доред, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳед

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо нашри як эълон аз мавриди пайгард қарор гирифтани Гулов Диловар Шералиевич, ки ному насаби дигараш — Шерализода Диловар Шералӣ мебошад, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Диловар Гулов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки қаблан барои ҷинояти авбошӣ суд шудааст, ин дафъа низ дар авбошии гуруҳӣ айбдор мешавад. Таъкид шудааст, ки Гулов тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — авбошӣ гумонбар буда, аз 19 майи соли равон дар кофтукови расмӣ мебошад.
«Вобаста ба ин, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое доред, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳед», — омадааст дар иттилоия.
Илова шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд, маълумоти худро ба почтаи электронӣ — [email protected], саҳифаи фейсбукии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кумак кунанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *