Владимир Соловёв ҷонибдори бастани YouTubе дар Русия шуд
Маъмурияти YouTube саҳифаи барандаи телевизиони Русия Владимир Соловёв ва канали барномаи “Шоми якшанбе”-и ӯро бастааст.
Владимир Соловёв ин тасмимҳоро “эълони ҷанг” номида, хоҳони баста шудани YouTube дар Русия шудааст. Пештар YouTube чанд саҳифаи марбут ба шабакаи Russia Today-ро низ баст.
Мудири он Маргарита Симонян дар поёни моҳи феврал ба мисли Владимир Соловёв ба далели эътирофи истиқлоли ба истилоҳ “ҷумҳуриҳои мардумӣ”-и Донетск ва Луганск аз тарафи Русия зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ