Вохӯрии Путин ва Виткоф бенатиҷа тамом шуд

Ба навиштаи “Комсомолская правда” вохӯрии Путин ва Виткоф шоми 2-юми декабр дар шаҳри Москва аз соати 19:25 оғоз гардида, соати 00:35 ба вақти маҳаллӣ хотима ёфт.

Ба тасдиқи  ёрдамчии Президенти Русия Юрий Ушаков, дар идомаи вохӯрӣ Владимир Путин ва намояндаи Амрико Стив Виткоф дар масъалаи ҳудудӣ баҳс карданд.

Ба иттилои манбаъ,  вохӯрӣ, ки ҳудуди панҷ соат идома кард, ҷонибҳо дар масъалаи Украина ва пешниҳоди “Тарҳи сулҳ”-и Трампро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гуфтаи Ушаков, “гуфтугӯҳо созанда буд, аммо ҷонибҳо натавонистанд бар сари яке аз душвортарин масъала, яъне масъалаи ҳудудӣ ба созиш расанд” ва “ихтилофҳо дар бораи Украина ҳамчунон биқист”.

Бояд қайд кард, ки дар ин вохӯрӣ аз ҷониби Русия Юрий Ушаков ва Намояндаи президент дар умури сармоягузорӣ “РФПИ” Кирилл Дмитриев иштирок карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *