Вохӯрии раиси «Амонатбонк» бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор
3 ноябри соли 2025 вохӯрии раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) баргузор шуд.
Зимни мулоқот Алиҷон Салимзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти «Амонатбонк» дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ маълумот пешниҳод намуда, таъкид кард, ки бонк ҳамчун институти молиявии давлатӣ ва яке аз бонкҳои низомсози кишвар дар татбиқи барномаҳои давлатӣ бо суръати устувор фаъолият дорад.


Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла:
- бизнес-модели бонк;
- сарчашмаҳои даромад ва хароҷоти маблағгузорӣ;
- иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди мизоҷон;
- самтҳои сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ;
- риояи талаботҳои низомҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои комплаенс.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баррасии вазъи молиявии «Амонатбонк» дар нуҳ моҳи соли 2025 бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна ва арзёбии дурнамои ҳамкориҳои оянда бо ХБА ба ҳисоб мерафт.
Дар анҷом таъкид гардид, ки мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда доир гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо изҳор намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ