Вокуниши фаврии милитсия ба латукӯби як зан дар Душанбе

Шаби якуми майи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он лаҳзаи латукӯб шудани як зан дар миёни роҳи мошингарди хиёбони Рудакӣ, маркази шаҳри Душанбе сабт шудааст.

Баъд аз паҳн гардидани навор, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо вокуниши фаврӣ санҷиши пешакӣ анҷом дода, шахсони гумонбарро муайян ва дастгир намуданд.

Ба иттилои маркази матбуоти ВКД, дар рафти санҷиш маълум гардид, ки Страшников Игор Андреевич, соли таваллудаш 1996, қаблан судшуда бо ҷурми дуздӣ, шаҳрванд Нурова Майсара, соли таваллудаш 1976-ро мавриди латукӯб қарор додааст.

Манбаъ афзуд, ки ҳар ду нафар ҳам латукӯбгар ва ҳам ҷабрдида дар ҳолати мастӣ қарор дошта, макони зисти доимӣ надоранд ва ба оворагардию нӯшидани мунтазами машрубот машғуланд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки нисбати ин ҳодиса маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтиши пешакӣ ҷараён дорад. Дар сурати исботи ҷурм, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *