Володин: Муҳоҷирон, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ кор накунед

Вячеслав Володин аз муҳоҷирон даъват намуд, ки фаъолиятро дар соҳаҳои морифу тандурустӣ дар Русия қатъ намоянд.

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин изҳор дошт, ки шаҳрвандони хориҷии дорои маълумоти омӯзгорӣ ё духтурӣ набояд дар Русия бо тартиби содда иҷозатномаи истиқомат (ВНЖ) гиранд.

Ба ақидаи ӯ, маориф ва тандурустӣ соҳаҳое нестанд, ки «ҷалби муҳоҷирон мақсаднок бошад».

Володин аз Вазорати меҳнат талаб намудааст, ки рӯйхати касбҳоро барои додани ВНЖ дар Русия асоснок кунанд.

То имрӯз тақрибан 20 минтақаи Русия муҳоҷиронро аз кор дар соҳаҳои гуногун манъ кардаанд.

Ҳамин тавр, аз 1 январи соли 2025 чунин манъкунӣ дар вилояти Москва ва аз 1 март Дар Омск амал хоҳад кард. Пештар онро дар Якутия ва Севастопол ҷорӣ карданд.

Баръакси духтурони хориҷи дур, мутахассисони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ набояд маълумоташонро тасдиқ кунанд. Дар Русия дипломҳои маълумоти олӣ, ки дар Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония гирифта шудаанд, эътироф  мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *