Воридоти беш аз 6 ҳазор мошини барқӣ ба Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2025

Танҳо дар се моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 6047 мошини барқӣ ворид карда шудааст. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, шумораи умумии воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо, микроавтобусҳо ва нақлиёти борбардори барқӣ дар кишвар ба 27 ҳазору 580 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9885 адад бештар аст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон нақша дорад то солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро то 20-30 дарсад аз шумораи умумии нақлиёт расонад.

Воридоти ин навъи нақлиёт дар асоси “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” амалӣ мешавад. Аз соли 2022 воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти боҷ ва андозҳои гумрукӣ озод шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *