Вячеслав Поставнин: Муҳоҷирон набояд мушкилот дошта бошанд

Барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия набояд мушкил эҷод карда шавад.

Собиқ ноиби раиси Хадамоти федералии муҳоҷират, “ФМС”-и Русия Вячеслав Поставнин, пешниҳоди Палатаи савдо ва саноат барои иҷозати вуруди муҳоҷирон ба кишварро шарҳ дод ва ҷоинбдорӣ кард.

Ӯ гуфтааст, ки дар пайи пандемия бисёре аз муҳоҷирони меҳнатӣ қаламрави Русияро тарк карданд ва иқтисодиёти кишвар дучори мушкил гардид.

Бинобар ин, барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия набояд мушкил эҷод карда шавад.

“Мешавад ташхисҳои фавриро ташкил кард, ки натиҷаҳо зуд маълум мешаванд. Яъне зарурат ба риояи қарантинаи тӯлонӣ намемонад”, — таъкид намудааст Поставнин.Ҳамчунин  ӯ таъкид намуд, ки бояд низоми ҷудо кардани муҳоҷирони баландихтисос аз миёни муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ мушаххас карда шавад.

“Имрӯзҳо ин калонтарин мушкилот дар сиёсати умури муҳоҷирати Русия мебошад”, — илова намуд собиқ ноиби раиси “ФМС”.

Ин дар ҳолест, ки тавре Pressa.tj  хабар дода буд, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия, Сергей Катирин аз сарвазир Михаил Мишустин хостааст, барои вуруди муҳоҷирони меҳнатии баландихтисос ва оилаҳои онҳо иҷозат дода шавад.

                    Маълумотномаи рressa.tj

Вячеслав Постанин  25 августи соли 1955 дар шаҳри  Маскав таваллуд шудааст. Соли 1978 Донишкадаи ҳавопаймоии Маскав (МАИ) -ро бо ихтисоси дастгоҳҳои радиоэлектронӣ хатм намуда, ба ҳайси муҳандис дар НПО “Комета” кор кардааст. Аз соли 1993 корманди Раёсати хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Русия буд. Аз соли 2003, ӯ кори худро дар Хадамоти Федералии Муҳоҷират (ФМС) оғоз намуда, вазифаи сардори Раёсати захираҳои иттилоотиро ба ӯҳда дошт ва сипас сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия таъин шуд. Соли 2006 бо фармони Президенти Федератсияи Русия аз 21 январ муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷират таъин шуд. Вай ба кори комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба муҳоҷират бо давлатҳои ИДМ ва хориҷаи дур роҳбарӣ мекард. Аз соли 2009 то имрӯз — Президенти Бунёди “Муҳоҷирати асри XXI” мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *