Русия вуруди шаҳрвандони Эронро ба кишвараш манъ кард

Русия тасмим гирифтааст, ки вуруди шаҳрвандони Эронро ба кишвар муваққатан боздорад, гуфта мешавад дар расонаи ҳукуматӣ. Ин чораҳо аз нимашаби 28 феврал ба эътибор гирифта шуданд.

«Қарор дар бораи муваққатан боздоштани убури сарҳади давлатии Федератсияи Русия аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои таҳсил ва кор, инчунин бо мақсадҳои хусусӣ, сайёҳӣ ва транзитӣ ворид мешаванд, қабул шудааст», — омадааст дар иттилоия.

Ғайр аз он, ҳукумат ба Вазорати корҳои хориҷии Русия дастур додааст, ки коркард ва додани раводидро ба шаҳрвандони Эрон муваққатан боздорад.

Қаблан радиои Sputnik хабар дода буд, ки Русия роҳи ҳавоӣ бо Эронро бо сабаби коронавирус манъ мекунад. Ин манъкунӣ танҳо ба парвози ҳавопаймоҳои Aeroflot ва Mahan таъсир накардааст.

Мақомоти Чин дар охири декабри соли 2019 ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хуруҷи бемории пневмонияи номаълум дар шаҳри Ухан дар қисми марказии кишвар хабар доданд. Коршиносон агенти сабабкунандаи беморро муайян карданд — ин як коронавируси нав аст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ин авҷро ҳамчун ҳолати фавқулоддаи аҳамияти байналмилалӣ дошта эътироф намуда, ба ин беморӣ номи расмии COVID-19 додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *